Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ВАО: Пулиси рус ба сари муҳоҷири тоҷик тир холӣ кардааст
Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ, Муҳоҷир > ВАО: Пулиси рус ба сари муҳоҷири тоҷик тир холӣ кардааст

ВАО: Пулиси рус ба сари муҳоҷири тоҷик тир холӣ кардааст


22 август 2017, 14:09. Разместил: MG
Як корманди пулис дар Екетеренбург аз таппончаи пневматикӣ ба сари як шаҳрванди Тоҷикистон тир холӣ кардааст. Торнамои “Новый день” менависад, ин ҳодиса шаби якуми июли соли равон дар шаҳри Березовск ба вуқӯъ пайвастааст.

Торнамо бо такя ба манобеи огоҳаш навиштааст, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як ҷавони 30-соларо, ки ба эҳтимоли зиёд шаҳрванди Тоҷикистон аст, бидуни он ки далеле пешниҳод кунанд, боздошт кардаанд. Баъдан, як пулис ба таҳқири ин муҳоҷир шурӯъ карда, хостааст, аз тапончаи пневматикӣ ба сурини ӯ паронад, аммо тир хато хӯрда, ба сари вай задааст.

Ба иттилои “Новый день”, ин қазия танҳо баъди он рӯ задааст, ки муҳоҷири ҷабрдида ба духтурон муроҷиат кардааст. Дар пайи ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тафтишот оғоз карда, як корманди пулисро боздошт кардаанд. Аммо аҷибаш ин аст, ки дастгиршуда аллакай корманди пулис нест, зеро бар асоси санадҳо, ӯ гӯиё 29 июн, чанд рӯз қабл аз ҳодиса “ба нафақа гусел” шудааст. Дар ҳоле ки вай ҳанӯз 37 сол дорад. Ҳоло ин корманди пулис дар ҳабси хонагӣ қарор дошта ва парвандаи ӯ бар асоси моддаи “баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ” мавриди баррасӣ қарор дорад.

Дар бораи ному насаби муҳоҷири ҷабрдида иттилое пешниҳод нашудааст.

Вернуться назад