Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Маскав: Муҳоҷирони тоҷик дар дуздии 114 ҳазор доллари корманди бонк муттаҳам мешаванд
Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ, Муҳоҷир, Тема дня > Маскав: Муҳоҷирони тоҷик дар дуздии 114 ҳазор доллари корманди бонк муттаҳам мешаванд

Маскав: Муҳоҷирони тоҷик дар дуздии 114 ҳазор доллари корманди бонк муттаҳам мешаванд


24 август 2017, 15:22. Разместил: MG
Ду шаҳрванди Тоҷикистон дар дуздии 114 ҳазор доллари як зани 39-солаи сокини шаҳри Маскав муттаҳам мешаванд.

Ба иттилои хабаргузории “Москва”, ин дуздӣ сентябри соли 2016 анҷом шудааст, аммо кормандони пулис гумонбаронро 23 августи соли равон дастгир кардаанд. Манбаъ мегӯяд, ин ду ҷавон, ки яке 28 ва дигарӣ 32 сол доранд, моҳи сентябри соли гузашта дар хиёбони Кутузов бо зарби мушт муовини директори яке аз бузургтарин бонкҳои Русияро аз пой афтонда, ҷузвдони ҳомили 114 ҳазор доллари ӯро рабудаанд.

Манбаи хабаргузории “Москва” гуфтааст, дастгиршудаҳо пурра ба гуноҳи худ иқрор кардаанд ва ҳоло тафтишоти ҳодиса идома дорад.


Вернуться назад