Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > “Заминсоз” боздошт шуд. 2000 доллар пора хостааст
Главная > Тоҷикистон, Иқтисодӣ > “Заминсоз” боздошт шуд. 2000 доллар пора хостааст

“Заминсоз” боздошт шуд. 2000 доллар пора хостааст


7 сентябр 2017, 16:24. Разместил: MG
Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон аз боздошти Зафар Сангинмуродов, заминсози ҷамоати шаҳраки Ёвон хабар дод. Ӯ дар гирифтани пора муттаҳам мешавад.

Тибқи иттилои ин ниҳод, Зафар Сангинмуродов бо маслиҳати пешакӣ бо шиносаш Бахтиёр Авғонов аз шаҳрванд “А” барои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 2000 доллар талаб намудааст. Манбаъ мегӯяд, гумонбарон, дар ду ҳолат 1000 доллар ва 1000 сомонӣ гирифта, овардани 5000 сомонии дигарро талаб кардаанд: “Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Сангинмуродов Зафар Убайдуллоевич ва Авғонов Бахтиёр Тағоевич баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 5000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир шуда, маблағи мазкур аз онҳо ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд”.

Оҷонсӣ мегӯяд, нисбати гумонбарон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.

Вернуться назад