Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Хуҷанд: Ҷилавгирӣ аз интиқоли як тангаи соли барориши 1796 ба Русия
Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ, Тема дня > Хуҷанд: Ҷилавгирӣ аз интиқоли як тангаи соли барориши 1796 ба Русия

Хуҷанд: Ҷилавгирӣ аз интиқоли як тангаи соли барориши 1796 ба Русия


14 сентябр 2017, 10:16. Разместил: MG
Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз боздошти як мусофири хатсайри “Хуҷанд-Маскав” хабар дод, ки қасд дошта, сиккаи арзиши таърихию фарҳангидоштаро ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар интиқол бидиҳад.

Тибқи иттилои ин ниҳод, 4 сентябр ҳангоми гузаронидани назорати гумрукии хатсайри самти “Хуҷанд-Маскав” аз бағоҷи шаҳрванд Д.Н. як сикка (танга)-и рангаш нуқрагин бо навиштаҷоти дар тарафи аввалин “Б.М. Павел II М II И Само Д-Все Росс”, дар тарафи дуюм “Моната рубл 1796 года” дарёфт гардид. Ба иттилои манбаъ, гумонбаршуда мехостааст, сиккаро ғайриқонунӣ аз сарҳади гумрукии Тоҷикистон гузаронад.

Ба иттилои манбаъ, мувофиқи экспертизаи таърихии фарҳангии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон сиккаи нуқраранги барои ташхис пешниҳодгардида дорои арзишҳои таърихию фарҳангӣ буда, бе иҷозатномаи мақомоти ваколатдор интиқоли онҳо аз ҳудуди кишвар мамнуъ мебошад. Хадамот мегӯяд, нисбати шаҳрванд Д.Н. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қисми 3-289 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, аз рӯи тобеъияти тафтишотӣ ба прокуратураи вилояти Суғд исрол гардид. Ин бори аввал нест, ки Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз интиқоли ғайриқонунии сиккаҳои дорои арзишашон таърию фарҳангӣ хабар медиҳад.

11 август Хадамоти гумрук аз боздошти сокини 23-солаи шаҳри Конибодом, мусофири хатсайри “Хуҷанд-Маскав” иттилоъ дода буд, ки барои интиқоли 6 тангаи дорои арзиши таърихию фарҳангӣ муттаҳам мешуд. Қабл аз ин, 18 июн Хадамоти гумрук шаҳрванди Русия Татяна Хужинаро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои қасди интиқоли як тангаи мисини сохти соли 1823 ба Русия дастгир намуд.

Вернуться назад