Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Писарчаи навзодро бар ивази 100 доллар фурӯхтаанд
Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ > Писарчаи навзодро бар ивази 100 доллар фурӯхтаанд

Писарчаи навзодро бар ивази 100 доллар фурӯхтаанд


15 сентябр 2017, 10:41. Разместил: MG
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду нафар бо иттиҳоми хариду фурӯши тифл хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ин афрод 14 сентябрдар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир шудаанд: “Тафтишот муайян намуд, ки зани 35-сола ва марди 56-сола, сокинони ноҳияи Рӯдакӣ моҳи январи соли 2016 бо маслиҳати пешакӣ дар назди таваллудхонаи №1, воқеъ дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Душанбе аз зани 31-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, тифли навзоди ҷинсаш мардро ба маблағи 100 доллари амрикоӣ ва 300 сомонӣ харидорӣ намудаанд”.

Ба иттилои ВКД, ҳоло аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Вернуться назад