Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Аз 3,5 то 19 сол- ҳабси 11 ҷавон барои муноқиша ва марги Иброҳиму Сомон
Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ > Аз 3,5 то 19 сол- ҳабси 11 ҷавон барои муноқиша ва марги Иброҳиму Сомон

Аз 3,5 то 19 сол- ҳабси 11 ҷавон барои муноқиша ва марги Иброҳиму Сомон


22 сентябр 2017, 11:13. Разместил: hd
Додгоҳи шаҳри Душанбе баррасии муноқишаи маргбори 2-юми январро миёни ноболиғони маҳаллаҳои 102 ва 104-ро, ки ду кушта барҷой гузошт, анҷом дода, 11 иштирокчиро аз 3,5 то 19 сол равонаи зиндон кард.

Тибқи иттилоияи Додситонии кулли Тоҷикистон бо ҳукми додгоҳ, Додарбеков Ф.Р.- 19 сол, Намозов Ш.Н.-12 сол, Сафаров Б.Ҳ. - 10 сол, Бобоев А., Амруллои Ҳ, Одинаев Н.С., Шоҳрухи Ҳ., Восиев Ш.М., Ҳакимов С.Р., Яқубов С.Р. - 5 солӣ, Наҷмиддинов Ф.И.- 3 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум гардиданд. Инчунин Раҳимов А.А. ва Давлатов М.У ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё 5 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.

Манбаъ мегӯяд, номбурдагон барои он айбдор дониста шудаанд, ки 2 январи соли 2017 тахминан соати 22, сокинони маҳаллаи 104-и шаҳри Душанбе ноболиғон Шоҳрухи Ҳ., Ҳакимов С.Р., Яқубов С.Р., Восиев Ш.М., Раҳимов А.А., Давлатов М.У., Додарбеков Ф.Р., Наҷмиддинов Ф.И., Хоҷаев И. ва дигарон бо мақсади нишон додани бартарии худ дар назди дигар рафиқонашон дар роҳи автомобилгарди кӯчаи А.Ғуломов назди нуқтаи охири хатсайрҳои №15 ва17-и воситаи нақлиёти ҷамъиятӣ бо сокинони маҳаллаи 102-и шаҳри Душанбе ноболиғон Сафаров Б.Ҳ., Намозов Ш.Н., Бобоев А., Амруллои Ҳ., Одинаев Н.С. ва марҳум Шарипов С.Ш., вохӯрда, аз ҳиссиёти авбошӣ бо ҳам дарафтода, бо корд, чӯб (бита) ва олотҳои металлӣ якдигарро лату кўб кардаанд: “Ҳангоми ин задухӯрд, ки 5-10 дақиқа давом кардааст, Додарбеков Ф.Р. аз ҳиссиёти авбошӣ бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо корд як маротиба ба рони пои рости Шарипов Сомон зарба задааст, ки он боиси хунравии шадид гардида, охирон дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.

Инчунин ноболиғ Намозов Ш.Н. аз ҳиссиёти авбошӣ бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудани ду шахс бо корди бо худ доштааш, дар аввал Восиев Ш.М.-ро ба қисми рости камараш бо корд зарба зада, сипас бо маслиҳати пешакӣ бо ноболиғ Сафаров Б.Ҳ. бо истифодаи кордҳои дар дасташон буда, ба қисмати рони пои чап, шикам ва қафаси синаи Хоҷаев Иброҳим зарба задаанд: “Хоҷаев аз ҷароҳатҳои бардошта дар беморхона ба ҳалокат расида, ба Восиев Ш.Н. бошад ёрии тиббӣ расонида шудааст”.

Ҳамидуллоҳ Фақеров, сардори вақти раёсати маорифи шаҳри Душанбе муноқишаи маргбори аввали соли равон дар пойтахтро қассосгирӣ миёни ҷавонони ду маҳалла гуфт, на мактабҳо.

Ӯ гуфт, бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят 15 нафар боздошт шуданд, ки миёнашон 4 талабаи хориҷшуда аз мактаб ва як нафар хатмкунанда мебошад: “Аксари боздоштшудаҳо аз оилаҳои носолиманд. Ба истиснои ду нафар, ки дар оилаҳои солим тарбият мегирифтаанд, боқимонда дар тарбияи бибию дигар наздиконашон будаанд. Феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад”.

Зимни ин муноқиша 2 нафар - Хоҷаев Иброҳим Ибодуллоевич соли таваллудаш 1998 ва Шарифов Сомон Шарофиддинович соли таваллудаш 1999 бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба ҳалокат расидаанд.

Вернуться назад