Главная > Тоҷикистон, Дин ва зиндагӣ, Дидгоҳи хос > Кумитаи дин исми “қаҳрамон”-и видеоеро, ки бошандаҳои масҷидро дашном дод, эълон кард

Кумитаи дин исми “қаҳрамон”-и видеоеро, ки бошандаҳои масҷидро дашном дод, эълон кард


9 октябр 2017, 11:07. Разместил: MG
Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, “қаҳрамон”-и навори видеоие, ки бошандаҳои масҷидро дашном медиҳад, барои суҳбат ба ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ даъват шудааст.

Дар интернет наворе дар чархиш аст, ки дар он марди костюмдору галстукпӯше ба одамон таҳдид мекунад, масҷидро барбанданд. Дар идомаи суҳбатҳо ин мард чанд бор одамонро дашномҳои қабеҳ медиҳад.

Як масъули Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 9 октябр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар пайи тафтиши навор маълум шуд, ки ин мард Шокирҷон Холдоров, сармутахассиси бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ будааст: “Субҳи имрӯз ӯро ба ҳукумати ноҳия даъват карданд. Гуфтааст, ки сархуш набуд, танҳо худашро идора карда натавонист”.

Ба иттилои манбаъ, масҷид дарвоқеъ ғайриқонунӣ буда ва иҷозаи фаъолиятро надоштааст.


Акс аз навори видеоӣ

Вернуться назад