Главная > Тоҷикистон, Сиёсат, Рӯ ба рӯ, Тема дня > Ҷазо-иловаи меъёри нав ба қонун дар бораи ВМКБ

Ҷазо-иловаи меъёри нав ба қонун дар бораи ВМКБ


11 октябр 2017, 12:37. Разместил: hd
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 11-уми октябр ба қонун “Дар бораи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон” тағйирот ворид кард.

Амрихудои Дамдор, вакили парлумон дар шарҳи тағйирот ба “Озодагон” гуфт, ба қонун дар бораи ВМКБ ба 19 меъёри нав ворид гардид, ки барои риоя накардани қонуни мазкур ҷазоро пешбинӣ кардааст: “Дар ҳамаи қонун масъалаи ҷазо барои риоя накардани он пешбинӣ шудааст. Дар қонун дар бораи ВМКБ ин масъала набуд, ки мо онро илова кардем”.

Вакили парлумон дар бораи ҷазо барои риоя накардани қонун дар бораи ВМКБ изҳор дошт, ки вобаста ба ҳолат ҷавобгарии маъмурию ҷиноӣ татбиқ хоҳад шуд.

Амрихудои Дамдор таъкид намуд, ки тағйироти дигар дар қонун таҳририянд: “Мафҳуми марзию маъмуриро ба марзию ҳудудӣ, кӯмакро ба кумак, Сарқонунро ба Конститутсия табдил додем”.

Вернуться назад