Главная > Тоҷикистон, Дидгоҳи хос > Роҳзанҳои “пагондор”: Тоҷикро куштанд, то тоҷир тарсад...

Роҳзанҳои “пагондор”: Тоҷикро куштанд, то тоҷир тарсад...


12 октябр 2017, 09:53. Разместил: hd
Мақомоти тафтишотии Русия муайян кардааст, ки гуруҳи иборат аз 4 корманди мақомоти қудратӣ ва амниятӣ дар Тюмен барои “пуштибонӣ” аз тоҷирони минтақа мунтазам пул ҷамъ мекардаанд.

Тибқи иттилои тафтишот тоҷироне, ки аз пардохт саркашӣ мекарданд, муҷозоти шадид ё қатл мешуданд: “Муттҳамон, ки феълан 2 нафарашон дар боздоштанд, тайи солҳои 2008-2016 ҳадди ақал 10 нафарро ба қатл расондаанд. Нафари сеюми гуруҳ дар боздоштгоҳ худкушӣ карда, узви чорум феълан мавриди пайгард қарор дорад”.

Тафтишот муайян намудааст, ки муттаҳамон боре барои нишон додани зӯрӣ ва талаботи қотеонаашон дар пеши як тоҷир муҳоҷири тоҷикро ба қатл расондаанд.
Феълан парвандаи ҷиноятҳои золимонаи мақомдорони Русия барои таҳқиқ ба сарраёсати тафтишоти низомии Кумитаи тафтишотӣ супорида шудааст. Ба муттаҳмон аз 20 соли зиндон то ҳабси якумрӣ таҳдид мекунад.

Вернуться назад