Главная > Тоҷикистон, Иқтисодӣ, Тема дня > Роҳи мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппа бо 96,38 миллион доллар тармиму бозсозӣ мешавад

Роҳи мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппа бо 96,38 миллион доллар тармиму бозсозӣ мешавад


12 октябр 2017, 10:56. Разместил: MG
Вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаи созишномаи қарзӣ миёни Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Душанбе- Қӯрғонтеппа”-ро ҷонибдорӣ намуданд.

Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи 11 август зимни муаррифии ин тарҳ дар парлумон гуфт, арзиши умумии лоиҳа 96,38 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, аз ин маблағ 17 миллону 18 ҳазор доллараш саҳми ҳукумати Тоҷикистон, боқимонда саҳми Бонки Осиёии Рушд, Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ мебошад.

Вазири нақлиёт иброз дошт, дарозии умумии роҳи мазкур 33,2 километр буда, аз ин 3,7 километр ба қисмати Душанбе рост меояд: “17,8 километри роҳ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ва 11,7 километр дар ноҳияи Хуросон пешбинӣ шудааст. Дар роҳ 4 пул ба дарозии 630 метр таҷдид карда мешавад, шумораи хатти ҳаракат 4 адад, паҳноии қисмати мошингузар аз 14 то 24 метр, ғафсии қабати поёнӣ асфалт 6,5 см, қабати боло 5 см, шумораи истгоҳҳо 20 адад, гузаргоҳҳои зеризамнӣ 6 адад барои роҳҳои саҳроӣ ва чорвогузар, шумораи қубурҳои обгузар беш аз 60 адад, пиёдаравҳо дар маҳаллаҳои аҳолинишин 3325 метр дар назар аст”.

Худоёр Худоёрзода афзуд, вобаста ба марҳилаи дувуми ин роҳ ҳоло корҳои топографӣ, лоиҳакашӣ ба анҷом расида, муофиқакунонии ҳуҷҷатҳо идома дорад. Ба таъкиди вазир, марҳилаи дувуми лоиҳа тақрибан 50 километр роҳро дар бар гирифта, арзиши лоиҳа баъди пурра омода шудани ҳуҷҷатҳои лозима ва хулосаи экспертизаи давлатӣ муайян хоҳад шуд.

Вернуться назад