Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Президент дар бораи қарзҳои "Умед 88" ва барнагардондани пули мардум (ВИДЕО)
Главная > Тоҷикистон, Иқтисодӣ > Президент дар бораи қарзҳои "Умед 88" ва барнагардондани пули мардум (ВИДЕО)

Президент дар бораи қарзҳои "Умед 88" ва барнагардондани пули мардум (ВИДЕО)


16 октябр 2017, 19:28. Разместил: hd
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод кард, дар Тоҷикистон Феҳристи ягонаи электронии гарави амволи ғайриманқул ва низоми электронии бақайдгирии қарзҳо ташкил гардад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо соҳибкорони Тоҷикистон таъкид намуд, феҳристи мазкур бо дар назардошти муттаҳид гардонидани он аз рӯи ҷуғрофӣ ва навъи дороӣ таъсис дода шавад. Ӯ дар шарҳи зарурати чунин феҳраст таҷрибаи “Умед 88” ва бемасъулиятии кормандони Вазорати молияро зикр кард, ки бидуни санҷиш даҳҳо миллион пули буҷаи давлатро ба ин ширкати қарздор додаанд.

Ба гуфтаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, роҳбарияти ширкати “Умед 88” 170 миллион сомонӣ маблағи буҷаи давлатро, ки пули халқ мебошад, бо ҳар роҳу восита ба ивази 18 фоизӣ гирифта, то ҳол барнагардондааст: “Соли сеюм-чорум аст бар намегардонад. На фоиз, на маблағи буҷаи давлат. Буҷаи давлат буҷаи халқ аст. Андозсупоранда ин халқ аст мардуми Тоҷикистон аст”.

Раисиҷумҳур дар мавриди маблағҳои гирифтаи “Умед 88” афзуд, "60 миллионашро ба “Тоҷиксодиротбонк”, ки қарздор будааст ва 25 миллиони дигарро ба “Амонатбонк”, ки аз он ҳам қарздор будааст, мегузаронад, боқимондаро обу лой мекунад”.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон аз маблағҳои пинҳонкардаи баъзе аз субъектҳои хоҷагидор бо изҳори нигаронӣ гуфт, ҳоло ҳам як қисми андозсупорандагон дидаву дониста, ба вайрон кардани қонунгузории андоз роҳ медиҳанд: “Масалан, аз рӯи натиҷаи санҷишҳои дар соли 2016 ва ҳашт моҳи соли 2017 гузаронидашуда маблағи андози аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор (соҳибкорон) пинҳонкардашуда 1 миллиарду 520 миллион сомониро ташкил кардааст”.

Дар идома раисиҷумҳури кишвар таъкид кард, ки риояи талаботи қонунгузорӣ, эҳсоси масъулият дар назди ҷомеаву давлат ва нишон додани маърифати баланди ҳуқуқиву молиявӣ аз ҷониби соҳибкорон омили муҳими пешрафти кишвар маҳсуб меёбад.



Мулоқоти Э.Раҳмон бо соҳибкорон:



Вернуться назад