Главная > Тоҷикистон, Тема дня > Баъди дашному таҳқири намозгузорон ва се рӯзи боздошт Холдоров корашро идома медиҳад

Баъди дашному таҳқири намозгузорон ва се рӯзи боздошт Холдоров корашро идома медиҳад


17 октябр 2017, 09:39. Разместил: MG
Шокир Холдоров, масъули бахши танзими ҷамоати “Чоряккорон”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар саҳни масҷид намозгузоронро дашном дод, ба ҷойи кораш баргаштааст.

Дар ин навор дида мешуд, ки ӯ барои набастани дари масҷиди Меҳробод мулло ва намозгузоронро дашном медиҳад. Баъди дар интернет нашр шудани навор ва вокунишҳои зиёд ба он Холдоров барои бозпурсӣ ба мақомот даъват шуда ва се рӯз дар СИЗО-и шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ нигоҳ дошта шудааст. Ӯ бар асоси моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба андозаи 500 сомонӣ ҷарима пардохт намуда, дубора ба вазифааш баргаштааст.
Шокир Холдоров рӯзи 16 октябр дар утоқи кориаш бо кормандони Радиои Озодӣ суҳбат карда, гуфтааст, “воқеан барои чанд ҳарфи дағалонае, ки дар саҳни масҷид гуфтам, узр мепурсам. Раиси маҳаллаи деҳаи Меҳробод ба наздам омад, ман гуфтам, ки равед ба мардум фаҳмонед, ман бахшиш мехоҳам”.

Дар ҳамин ҳол, Сияршоҳ Саидаҳмадов, раиси маҳаллаи Меҳрободи ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ба муҷозоти Шокирҷон Холдоров аз тарафи мақомоти интизомӣ розӣ нест, чун ин як ҷазои сабук аст. Ба таъкиди Сияршоҳ Саидаҳмадов, мардуми деҳаи Меҳробод аз рафтори дағалона ва дашномҳои қабеҳи Шокирҷон Холдоров то ҳанӯз ором нашудаанд ва ба ҳеҷ сурат ӯро намебахшанд: "Ин масҷиди панҷвақта ҳамаи санадҳои лозимаро дошт ва бинои он бо маблағу қувваи мардум сохта шудааст. Барои ҳамин, мардум дари онро дар вақти намоз боз намуда, намозгузорӣ мекарданд. Мо ба вазорати фарҳанг ва дастгоҳи президент нома навиштаем ва талош хоҳем кард, ки масҷидро дубора фаъол кунем".

Аммо намояндагони Кумитаи дин ва расму оин дари масҷиди Меҳрободро бастаанд ва ҳоло он фаъолият надорад.

Акс аз Радиои Озодӣ

Вернуться назад