Главная > Тоҷикистон, Фарҳангу адаб, Рӯ ба рӯ, Тема дня > Бурӣ Карим барои китоби беҳтарин дар соли 2018 ҷоиза медиҳад

Бурӣ Карим барои китоби беҳтарин дар соли 2018 ҷоиза медиҳад


18 октябр 2017, 08:52. Разместил: MG
Маҳфили фарҳангии “Боргоҳи сухан”, ки бунёдгузораш Бурӣ Карим, сиёсатмадор ва донишманди тоҷики муқими Маскав аст, эълон кард, барои китоби беҳтарин дар соли 2018 ҷоиза медиҳад.

Тавре аз маҳфили фарҳангии “Боргоҳи сухан” ба “Озодагон” гуфтанд, ҷоиза ба асарҳои назмиву насрии адибоне дода мешавад, ки соли 2018 нашр шудаанд. “Бахши назму насри маҳфил асарҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, ғолибони озмунро тавассути овоздиҳии пинҳонӣ муайян мекунад”, афзуд манбаъ.

Мубтакирон мегӯянд, озмун дар рӯзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷамъбаст ва ғолибон бо Ҷоиза, нишони сарисинагӣ ва диплом қадр мешаванд: “Асарҳо то 31 декабри соли 2018 қабул карда мешаванд”.


Вернуться назад