Главная > Тоҷикистон, Сиёсат, Дидгоҳи хос > Тавсифи Зуҳуров аз сабри мардум ва тавсияи Нурмуҳаммадзода: Ба суд муроҷиат кунанд...

Тавсифи Зуҳуров аз сабри мардум ва тавсияи Нурмуҳаммадзода: Ба суд муроҷиат кунанд...


18 октябр 2017, 14:54. Разместил: hd
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, сарфи назар аз вазъи ногувори бонкҳои кишвар шахсони алоҳида ва сармоядорон метавонанд, саҳмияҳои онҳоро бихаранд.

Нурмуҳаммадзода имрӯз, 18-уми октябр зимни баррасии мушкилоти низоми бонкӣ гуфт, агар сармоядорон ба қадри имкон бо розигии ҳукумат саҳмияҳои бонкҳои мушкилдорро харанд, ман боварӣ дорам, ки мо аз ин вазъият мебароем.

Дар идома Зайниддин Сафаров, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар бораи қонунӣ будани қатъи пардохти фоизҳо аз сӯи бонкҳои тиҷоратӣ суол кард. Ӯ гуфт, “Тоҷиксодиротбонк” аз 1 январи соли ҷорӣ ҳамаи фоизҳои депозитҳоро маҳкам карда, меъёрро 5 фоиз муайян намуд ва “Агроинвестбонк” низ аз моҳи июли соли ҷорӣ пардохти фоизи пасандозҳоро қатъ кард.

Дар посух Ҷамшед Нурмуҳаммадзода гуфт, масъалаи мазкур бояд байни пасандозгузорон ва бонк ҳал шавад: “Бонк ҳуқуқ надорад, яктарафа шартномаро бекор кунаду фоидаи пасандозҳоро 5 фоиз муқаррар намояд. Мизоҷон метавонанд ба суд муроҷиат кунанд”.

Дар мавриди Агроинвестбонк Нурмуҳаммадзода афзуд, “Агроинвестбонк” шартномаро яктарафа қатъ накардааст: “Аммо ба далели надоштани маблағ ҳозир пардохти фоизҳоро муваққатан қатъ кардааст. Вазъаш беҳтар шавад, боз пардохт мекунад”.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хубии мардуми кишварро таъкид кард. Ӯ гуфт, дар чунин вазъ мизоҷон метавонистанд тариқи суд дороию амволи бонку бонкдорҳоро бигиранд.

Раиси Маҷлиси намояндагон дар вазъи феълӣ масъулини низоми бонкиро муттаҳам донист ва таъкид кард, ки маблағи мардум бояд ҳар чӣ зудтар баргардонда шавад.

Шариф Раҳимзода, вакили парлумон ва собиқ раиси Бонки Миллӣ дар ҳошияи баҳси мушкилоти бонкӣ ба хабарнигорон гуфт, мо бояд нисбати ин масъала хушбин бошем. Ӯ бо такя ба суханони раиси феълии Бонки Миллӣ гуфт, “Тоҷиксодиротбонк” фаъолияти 8-моҳаашро бо фоида ҷамъбаст кардааст: “Ҳукумат ба бонкҳо кӯмак карда буд боз дастгирӣ мекунад”.

Вернуться назад