Главная > Тоҷикистон, Фарҳангу адаб, Тема дня > (ВИДЕО) Муминова ба сегонаи беҳтаринҳои озмуни “Зебосанами ҷаҳон” шомил шуд

(ВИДЕО) Муминова ба сегонаи беҳтаринҳои озмуни “Зебосанами ҷаҳон” шомил шуд


20 октябр 2017, 09:01. Разместил: MG
Анна Муминова, модели тоҷикистонӣ дар пайи овоздиҳии оммавӣ ба сегонаи беҳтаринҳои озмуни “Зебосанами ҷаҳон-2017” роҳ ёфтааст.

Тибқи натиҷаҳои овоздиҳӣ, ки дар сомонаи озмун эълон шудаанд, ба сегонаи беҳтаринҳо Анна Муминова, аз Душанбе бо 15,4%-и овозҳо, Татяна Фомичева ва Мария Демидова бо 18 ва 17 дарсадии овозҳо роҳ ёфтаанд.

Анна Муминоваи 26-сола маълумоти олии иқтисодӣ дорад ва ба ҳайси модели ҳирфаӣ дар намоишҳои мӯд ширкат мекунад.

Қисмати финалии озмун 10 ноябр дар Сочи баргузор мешавад.


Вернуться назад