Главная > Тоҷикистон, Ҷавонон ва варзиш > “Истиқлол” ба финали Ҷоми AFC-2017 роҳ ёфт

“Истиқлол” ба финали Ҷоми AFC-2017 роҳ ёфт


19 октябр 2017, 08:22. Разместил: MG
Тими “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии ҷавобии марҳилаи ниҳоии байниминтақавии Ҷоми AFC-2017 бо дастаи "Бенгалуру”-и Ҳиндустон ҳисобро мусовӣ намуда, ба даври финалӣ роҳ ёфт.

Ин бозӣ шаби гузашта, 18 октябр дар варзишгоҳи “Кантерава”-и шаҳри Бангалори Ҳиндустон баргузор шуд ва бо ҳисоби 2:2 ба поён расид. Голҳои “Истиқлол”-ро Нуриддин Давронов (дақиқаи 4) ва Дмитрий Барков (57) заданд. Аз рӯи натиҷаҳои ду бозӣ “Истиқлол” бо ҳисоби 3:2 ғолиб шуд.

Бозии аввали ин ду даста дар рӯзи 27 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор 1:0 ба фоидаи “Истиқлол” хотима ёфта буд.

“Истиқлол” дар бозии ниҳоӣ бо дастаи “Эйр Форс”-и Ироқ қувва меозмояд. Ин дидор 4 ноябр дар Тоҷикистон доир хоҳад шуд.

Ғолиби Ҷоми AFC-2017 як миллион доллар ҷоиза мегирад.

Вернуться назад