Главная > Тоҷикистон, Ҷавонон ва варзиш > Сомон Маҳмадбеков дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон медали биринҷӣ гирифт

Сомон Маҳмадбеков дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон медали биринҷӣ гирифт


20 октябр 2017, 11:10. Разместил: MG
Сомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷик, медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонони синни то 21-соларо ба гардан овехт.

Ин мусобиқа дар дар шаҳри Загреби Хорватия ҷараён дошта, Сомон рӯзи 19 октябр дар рақобатҳо дар вазни зери 66 кило нахуст варзишгари ҳинду -- Саини Сингҳ ва дар даври дуввум варзишгари озарӣ -- Исмоил Иброҳимовро шикаст дод. Аммо дар даври сеюм аз Даниел Каргнин, варзишгари бразилиягӣ мағлуб шуд. Сомон Маҳмадбеков дар ду рақобати баъдӣ Салвадор Касес Росаи испанӣ ва Ёқуб Ҷаводови озариро шикаст дода, зинаи сеюмро ба даст овард.

Дар мусобиқаи мазкур 590 варзишгар аз 83 кишвар ширкат карда,Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Суҳроб Боқиев, Сомон Маҳмадбеков, Муҳаммадраҳим Сарахонов, Хайёмиддин Ҷабборов, Эраҷ Абдуллоев, Раҳматуллобек Фарҳодов, Ҷаҳонгир Маҷидов, Ҳоҷимашраб Раҳмонов, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов намояндагӣ мекунанд.

Ин нахустин дастоварди Тоҷикистон дар Чемпионатҳои ҷаҳон миёни ҷавонон дар риштаи ҷудо мебошад. Қаблан Расул Боқиев миёни калонсолон ва Ҷамолиддин Абдуллоеву Хуршед Маҷидов миёни наврасон ба чунин натиҷа даст ёфта буданд.

Сомон иштирокчии чанд марҳилаи ниҳоӣ ва ниманиҳоии мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ буда, моҳи апрели соли равон медали тиллои Ҷоми Африқо миёни наврасон ва моҳи август медали тиллои Ҷоми Аврупоро дар шаҳри Аради Руминия ба даст овард.

Сомон Маҳмадбеков ҳоло дар шаҳри Иркутски Русия зери назари мураббиён Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо тамрин карда, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҳамеша Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.

Сомон Маҳмадбеков дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон медали биринҷӣ гирифт

Вернуться назад