Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ > Марди 34-сола мошини ҳамшаҳрашро оташ задааст

Марди 34-сола мошини ҳамшаҳрашро оташ задааст


21 октябр 2017, 09:48. Разместил: MG
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 34-солаи ноҳияи Рӯдакӣ бо иттиҳоми оташ задани мошини марди дигар хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса соати 03:00-и 20 октябр дар ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ ба вуқӯъ пайвастааст. ВКД мегӯяд, кормандони пулис маълум кардаанд, ки дастгиршуда, “Мерседес-Бенс”-и марди 36-соларо “қасдан оташ задаст”.

Ҳоло ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор доштааст.

Вернуться назад