Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ > Конибодом: Ифтитоҳи Маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд

Конибодом: Ифтитоҳи Маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд


23 октябр 2017, 09:43. Разместил: MG
Бо 81 ҳазор доллари Сафорати Ҷопон ва 130 ҳазор сомонии маъмурияти шаҳри Конибодом дар ин шаҳр Маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд мавриди истифода қарор гирифт.

Аз дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд ба хабаргузории “Озодагон” гуфтанд, ин марказ аз толорҳои бозӣ, мусиқӣ, китобхона, ошхона, ҳуҷраҳои дамгирӣ, ҳунаромӯзӣ, санитарӣ, равоншинос, асабшинос, логопед, тренинг ва маъмурият иборат мебошад: “Дар сохтмони бино аз ҷониби сафорати Ҷопон 81 ҳазор доллари амрикоӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар ҳаҷми 130 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст”.

Ду сол қабл бо кӯмаки Сафорати Ҷопон шӯъбаи таваллуди Беморхонаи марказии шаҳри Конибодом таъмиру таҷдид ва бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин гардид.

Дафтари матбуоти раиси вилоят мегӯяд, Маркази инкишоф ва барқарорсозии кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд имкон медиҳад, “минбаъд чунин атфол миёни ҳамтоёни хеш дар муҳити созгор худро боз ҳам хушбахттар эҳсос намуда, новобаста аз имкониятҳои хеш чун инсонҳои асил ба воя бирасанд”.


Вернуться назад