Главная > Тоҷикистон, Дидгоҳи хос > Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд

Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд


24 октябр 2017, 08:01. Разместил: MG
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ахиран тасдиқ кард, муассис ва роҳбари ширкати “Умед-88” боздошт ва нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ин ниҳод дар як иттилоияи расмӣ мегӯяд, тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки ҷиҳати иҷрои Протоколи ҷаласаи Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Неругоҳи барқии обии Роғун" аз 6 апрели соли 2015, “миёни ҶСК “НБО Роғун” ҳамчун қарздиҳанда, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ “Умед-88” ҳамчун қарзгиранда шартномаи қарзӣ аз 15 майи соли 2015 ба имзо расонида шудааст”.

Манбаъ меафзояд, бар асоси ин шартнома “ба ҶДММ “Умед-88” барои рушди комплекси агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо маҳсулоти сӯзишвории дизелӣ ба маблағи 171.000.000 сомонӣ ба муҳлати то 31 декабри соли 2015 қарз дода шудааст. Директори ҶДММ “Умед-88” Ибрагимов Идибег Ҷаборович тибқи маслиҳати пешакӣ бо муассиси воқеии ҳамин ҷамъият Одинаев Раҷабалӣ Ғафорович ва дигар шахсони масъул амал намуда, қасдан ва бо мақсади ғараз, яъне баҳри ба манфиати ҶДММ "Умед-88" ба даст овардани фоидаи муфт, қарзи мақсадноки давлатиро ба миқдори махсусан калон ғайриқонунӣ гирифта, аз ваколатҳои фармонфармоӣ ва идоравии худ сўиистифода намуда, маблағи қарзиро бар хилофи манфиатҳои давлат ва бо дағалона вайрон намудани талаботи шартномаи қарзӣ, мувофиқи мақсад истифода накарда, аз ин ҳисоб моҳҳои май-июни соли 2015 бо роҳи пўшонидани уҳдадориҳои қарзии ҷамъият дар назди БДА ҶТ "Амонатбонк" ва ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" маблағи 74294004,1 сомониро тасарруф намудаанд”.

Ба иттилои агентӣ, тафтишот ҳамчунин муайян намуда, ки масъулини ширкати “Умед 88” аз дигар бонкҳои ҷумҳурӣ низ қарзҳои ҳангуфт гирифтаанд. Маслан, қарзи ин ширкат аз “Амонатбонк” 26 миллион сомонӣ ва аз “Агроинвестбонк” 4,5 миллион долларро ташкил медиҳад: “Вобаста ба ҳолатҳои зикргардида нисбати Одинаев Раҷабалӣ Ғафорович, Ибрагимов Идибек Ҷаборович ва дигарон бо моддаҳои 246 қисми 3 банди “б”, 264 қисми 2 ва 295 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, айни ҳол мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад”.

14 октябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо соҳибкорон гуфт, роҳбарияти ширкати “Умед 88” 170 миллион сомонӣ маблағи буҷаи давлатро, ки пули халқ мебошад, бо ҳар роҳу восита ба ивази 18 фоизӣ гирифта, барнагардондааст: “Соли сеюм-чорум аст бар намегардонад. На фоиз, на маблағи буҷаи давлат. Буҷаи давлат буҷаи халқ аст. Андозсупоранда ин халқ аст мардуми Тоҷикистон аст”.

Ширкати “Умед-88” соли 1996 таъсис шуда, аз Қазоқистону Русия ва Туркманистон маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ворид мекунад.

Вернуться назад