Главная > Тоҷикистон, Дуруст бинависем, Фарҳангу адаб > Автопарк-мошинсарой, ҷонварбоғ- зоопарк, землемер- заминпаймо, маршрутка-хатгард…

Автопарк-мошинсарой, ҷонварбоғ- зоопарк, землемер- заминпаймо, маршрутка-хатгард…


23 октябр 2017, 16:07. Разместил: MG
Рустами Ваҳҳоб, донишманди шинохта ва аз муассисони гуруҳи “Дуруст бинависем” дар Фейсбук чандест барои корбарон гузина ё баробарии тоҷикии вожаву истиллоҳҳои русиро пешниҳод мекунад. Ин иқдом ба истиқболи гарми хонандаҳои Фейсбук рӯ ба рӯ шуд ва донишмандони дигар низ пешниҳодҳои худро ироа карданд. “Озодагон” тасмим гирифт, ин гузинаҳоро ба нашр расонад.

P.S. Ин рӯйхат такмил мешавад.



1) МОШИНСАРОЙ - автопарк

2) ХОБА - консерва
Тавзеҳ: Аз он ҷо, ки дар тоҷикӣ ба маънои косерва хобондан-консервирование (баъзан дар намак ё чизи дигар) ба кор меравад. Яъне мо чизеро дар ҳамон ҳоли мавҷудаш, то замони ба кор бурдан мехобонем, то дар ҳамон вазъ ҳифз шавад, ва мавқеъи истифода онро дар ҳамон ҳоли аввал дармеёбем. Консирвированний завод-ро ҳам корхонаи хобонда мегӯянд.

3) ЗИБОҒ (ҷонварбоғ) - зоопарк
Тавзеҳ: боғи ҳайвонот ду калима аст ва борҳо мушоҳида шуда, ки ҳайвонотро ба танз ба кор мебаранд ва аз гуфтани боғи ҳайвонот бисёриҳо парҳез мекунанд ва аз боғи ваҳшу вуҳуш эҳсоси ваҳшат.

4) ТАСМАЧЕН - рулетка
Тавзеҳ: Чен мухаффафи чанд (чан) (дар навишти форсӣ бидуни ё چن) яъне андоза (чандӣ, чандо) аст, ки дар талаффузи мардум "чен" шуда ба маънии андоза ва андозагирӣ роиҷ шудааст. Ин калимаро метавон ҳам номи ин асбоб кард ва ҳам баёни амале, ки бо он анҷом мешавад, яъне тасмачен кардан.

5) РАҲОНА - проездной билет

6) БОҒИ НАБОТ - ботанический сад

7) КУБО - комбайн

8) ЗАМИНПАЙМО - землемер
тавзеҳ: Ҳам номи асбоб ва ҳам мутахассис.

9) ОБАФШОР - соковыжималка
Тавзеҳ: Сок дар забони мо аслан оби мева аст. Мо оби ангур, оби анор, оби себ ва... мегӯем. Шарбати арабӣ дар забони мо каме тобиши дигар дорад. Оби холиси меваро маъмулан шарбат намегӯянд, балки фаровардаи онро (коркардшудаашро) шарбат меноманд, ки тағйире дар он шуда.

10) ДОРУЧАК - капельница

11) ОБРАВСОЗ - сантехник

12) ҲАВОСОЗ - кондиционер
Тавзеҳ: Кондиционер аз решаи "кондиция" (эътидол-муътадил) ба хотири сохтани (соз) ҳавои муътадил ва матлуб аст. "Соз" ба ғайр аз маънои сохтан (эҷод) ва сохтан (созгорӣ-эътидол) боз маънои асбобро ҳам дорад.

13) ПАРАЧАТР - парашют

14) СИМОНШӮР, БЕТОНШӮР - бетономешалка

15) СЕЧАРОҒ - светофор

16) ЧАКОНА - пипетка

17) ЗИНАГАРДОН - эскалатор
Тавзеҳ: Пиллагардон-ро ҳам мехостам изофа бикунам, аммо дидам, ки дар Эрон онро ба маънои пиллаи печишдор ба кор бурдаанд.

18) ЛАВҲИ ЛАМСӢ (ё ПАРМОСӢ) - сенсорный экран
Тавзеҳ: Умуман, сенсорный - ламсӣ (ё пармосӣ) ҳар чизе бошад.

19) КАША - трос для буксировки

20) ПОША - пульверизатор

21) ДИДГАР - камера наблюдения

22) НОРАФШОН - фейерверк, салют

23) ҚАҲВАСО(Й) - кофемолка
Тавзеҳ: Қаҳваос (Қаҳвос) ҳам метавон гуфт. Аммо ба назарам аввалӣ беҳтар аст.

24) НАМОГАРД-НАМОГАРДОН - пульт для телевизора

25) ГИРОНА - ключи (пульти) зажигания, заводные

26) ҚАФАСОБ - аквариум
Тавзеҳ: Барои ҳама навъ ҷонварони обзӣ, на танҳо моҳӣ.

27) ТОВТИР - коленчатый вал

28) ОШЁНБАР,ОШЁНПАЙМО - лифт

29) РЕЗБИН - лупа

30) ГАРДОНА (двигатель - мотор

31) РАНГНОЙ - запаска для авторучки

32) ХАТГАРД - маршрутка

33) НОМБАРГ - бейджик

34) РАҲНИШОН - дорожный знак

35) НИШОНБАРГ - визитка

Вернуться назад