Главная > Тоҷикистон > Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо

Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо


4 ноябр 2017, 10:09. Разместил: MG
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳайати вакилони парлумони Аврупо мулоқот кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон ин дидор баъд аз зуҳри 3 ноябр дар Қасри миллат баргузор шудааст. Манбаъ мегӯяд, ҳайати парлумони Аврупоро хонум Иветта Григулле Петерс раҳбарӣ мекунад. Ин ҳайат ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 6-уми Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба Душанбе омадааст.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамкории Тоҷикистон бо Парлумони Аврупо, масъалаҳои рушди ҳамкории байнипарлумонӣ ва натиҷаҳои ҷаласаи шашуми Кумитаи байнипарлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳур. Эмомалӣ Раҳмон Иттиҳоди Аврупоро аз ҷумлаи шарикони муҳими Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ номида, аз сатҳи имрӯзаи муносибатҳои гуногунҷанба изҳори қаноатмандӣ кардааст. “Ҷонибҳо соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, гуманитарию фарҳангӣ ва сиёсию амниятиро аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида, барои баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашуда дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, рушди деҳот, бахшҳои истеҳсолии иқтисод, аз ҷумла энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ, ба хотири густариши муносибатҳо изҳори андеша карданд”, -меафзояд манбаъ.

Дар мулоқот таъкид шуда, ки Тоҷикистон манфиатдор аст, робитаҳояшро бо Парлумони Аврупо дар масъалаҳои такмили парламентаризм, волоияти қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешбурди зина ба зинаи ислоҳоти демократӣ минбаъд ҳам густариш диҳад: “Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои глобалӣ, пурзур кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон баррасӣ гардида, идомаи ҳамкорӣ бо барномаҳои БОМКА ва КАДАП зарур шумурда шуд”.

Вернуться назад