Главная > Тоҷикистон > Муҳоҷирони тоҷик акнун ба Лаҳистону Қатар хоҳанд рафт. Барои кор

Муҳоҷирони тоҷик акнун ба Лаҳистону Қатар хоҳанд рафт. Барои кор


24 феврал 2012, 05:11. Разместил: administrator
Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бозори нави меҳнатро барои муҳоҷирини тоҷикистонӣ пайдо намояд.


Раҳбари ин ниҳод Сафиалло Девонаев, зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ҳоло тарҳҳои пешниҳодӣ бо Кореяи Ҷанубӣ, Украина ва Қатар дар ҳоли баррасӣ буда, ҳамчунин бозори кори Лаҳистон мавриди омӯзиш қарор ёфтааст.

Бино ба иттилои манбаъ, дар соли гузашта (2011) беш аз 3.500 нафар муҳоҷири тоҷик аз Русия берун карда шуда, 350 нафари дигар ихроҷ гардидаанд.


Вернуться назад