Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Сел ҳаракати воситаи нақлиётро дар роҳи «Душанбе-Хоруғ» қатъ кард
Главная > Тоҷикистон > Сел ҳаракати воситаи нақлиётро дар роҳи «Душанбе-Хоруғ» қатъ кард

Сел ҳаракати воситаи нақлиётро дар роҳи «Душанбе-Хоруғ» қатъ кард


5 май 2012, 05:56. Разместил: administrator
Селхезии субҳи имрӯз, 5-уми май дар шаҳри Хоруғ ду манзили зистро ба пуррагӣ хароб карда, ба қисмате аз роҳи «Душанбе-Хоруғ» зарар расондаст.

Орифшо Нозимов, сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, ки дар мавзеи «Оташак»-и ноҳияи Ванҷ дар 442-километрии шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ, сел ҳаракати мошинҳоро муввақатан қатъ кардааст. Ҳамчунин, дар ноҳияи Ишкошим низ дар ҳафт қисмати роҳи «Хоруғ-Ишкошим» бар асари омадани сел ҳаракати нақлиёт аз маркази Бадахшон ба Ишкошим манъ гардидааст.

Сарчашмаи хабар афзуд, феълан кормандони роҳ ва як гурӯҳ аз Кумита ҳолатҳои изтирорӣ машғули тоза кардани роҳҳоянд. Интизор меравад, то нимаи дуюми рӯз поксозии роҳҳо ба охир расида, ҳаракати васоити нақлёт ба роҳ монда шавад.

 

 

 

 

 


Вернуться назад