Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Ҷойгоҳи Турсунзодаро дар китобхонаи Фирдавсӣ маълум карданд
Главная > Тоҷикистон > Ҷойгоҳи Турсунзодаро дар китобхонаи Фирдавсӣ маълум карданд

Ҷойгоҳи Турсунзодаро дар китобхонаи Фирдавсӣ маълум карданд


7 июн 2011, 09:08. Разместил: administrator
«Ҷойгоҳи устод Мирзо турсунзода дар сарнавишти фарҳангу адаби тоҷик». Таҳти ҳамин унвон имрӯз дар китобхонаи миллии Тоҷикистон  ба номи Абулқосим Фирдавсӣ конфронси илмӣ баргузор шуд. Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорати фарҳанг хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ конфронсро вазир Мирзошоҳрух Асрорӣбо суханони зер ифтитоҳ бахшид: «Устод Турсунзода бидуни шак яке аз барҷастатарин, пуртаъсиртарин шоир, шахсияти сиёсӣ ва адабии рӯзгори мо буд, ки бо осор ва ашъори ҷаззобу пурмӯҳтавояш, ҳангоми сафарҳои расмӣ ва эҷодӣ ба кишварҳои дуру наздик ному нишон, зебоии табиат, фарҳанг ва меҳмонавозии тоҷиконро бо кишварҳои дигар армуғон бурдааст». «Андешаҳои Мирзо Турсунзода оид ба аввалин асари адабиётшиносии Айнӣ», «Ватанпарварӣ - меҳвари ашъори Турсунзода», «Қафқоз аз назари Мирзо Турсунзода», «Мирзо Турсунзода дар библиографияи тоҷик» аз мавзӯъҳои дар конфронс баррасигардида буд.


Вернуться назад