Главная > Тоҷикистон > Душанбе ва Истамбул барои ташкили намоишгоҳ омодагӣ мебинанд

Душанбе ва Истамбул барои ташкили намоишгоҳ омодагӣ мебинанд


14 декабр 2012, 04:52. Разместил: administrator
Илҳом Абдураҳмонов, консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Истамбули Туркия бо Мурат Ялчинташ, раиси Палатаи савдои ин шаҳр мулоқот намуд.

Давлаталӣ Назриев, сардори департаменти Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ дод, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва иштироки ширкату корхонаҳои узви ин палата дар лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистонро матраҳ намуданд.

Раиси Палатаи савдои шаҳри Истамбул изҳори омодагӣ кард, ки бо ҳайати соҳибкорони Туркия ба Тоҷикистон сафар намуда, дар Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти ширкату корхонаҳои узви палатаро баргузор менамоянд.


Вернуться назад