Главная > Тоҷикистон, Сиёсат > Герасимов сафари деринтизорро ба Душанбе анҷом медиҳад

Герасимов сафари деринтизорро ба Душанбе анҷом медиҳад


14 март 2013, 09:06. Разместил: hd
Валерий Герасимов, сардори ситоди генералии қувваҳои мусаллаҳи Русия, нимаи дуюми имрӯз, 14-уми март вориди Душанбе мешавад. Ин сафар, ки интизор мерафт, моҳи декабри соли гузашта анҷом ёбад, бо сабабҳои номаълум то ҳол ба таъхир гузошта шуд.

Фариддун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, барномаи асосии сафари Герасимов ба Душанбе аз фардо оғоз мегардад ва дар назар аст, ки бо Шералӣ Хайруллоев, вазири мудофиаи тоҷик ва сардори ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Рамил Нодиров мулоқот кунад. Ба иттилои Маҳмадалиев ҷонибҳо густариши ҳамкориҳо дар бахши низомиро баррасӣ хоҳанд кард.

Инчунин дар назар аст, ки Герасимовро раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон низ ба ҳузур пазирад. Гуфта мешавад, дар ин мулоқот масъалаи тасвиби созишномаи будубоши пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон баррасӣ шавад.

Ин созишнома, ки моҳи октябри соли гузашта аз ҷониби президентҳои Тоҷикистону Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин имзо гардид, то ҳол аз ҷониби парлумони ин кишварҳо тасвиб нашудааст. Ахиран Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, изҳор дошт, ки созишнома дар бораи ҳузури пойгоҳи 201-ум аз дигар тавофуқоти Раҳмону Путин дар бахшҳои муҳоҷирату энергетика ҷудо нест ва дар назар аст, ки ин созишномаҳо ҳамзамон тасвиб гарданд.

Дар ҳамин ҳол ҳукумати Русия охирҳои моҳи феврал созишнома дар бораи пойгоҳи 201-умро тасдиқ намуда, ба Владимир Путин пешниҳод кард, то барои тасвиб ба парлумон ирсол намояд. Аммо мақомоти тоҷик то ҳол аз ирсоли ин созишнома ба парлумон хабар надодаанд.

Вернуться назад