Главная > Тоҷикистон, Иқтисодӣ > Душанбе хостори воридоти бештари семент аз Покистон шуд

Душанбе хостори воридоти бештари семент аз Покистон шуд


14 март 2013, 10:23. Разместил: hd
Шералӣ Ҷононов, сафири Тоҷикистон дар Исломобод, бо роҳбарони калонтарин корхонаҳои истеҳсолкунандагони семент дар Покистон масъалаи густариши ҳамкориро баррасӣ кардааст.

Тибқи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Исломобод, Ҷононов аз ҷумла Калим Аҳмад Мубин, раиси Ассосиатсияи истеҳсолкунандагони сементи Покистон ва роҳбарони “Фавҷ семент” “Фекто семент”, “Лаки семент”, “Кохат” ва корхонаҳои дигари сементабарориро ба ҳузур пазируфта, масоили интиқоли бештари ин масолеҳ ба Тоҷикистон ва имконоти бунёди корхонаҳои тавлиди сементро баррасӣ кардааст.

Ин талоши сафир барои зиёд намудани воридоти семент, дар пасманзари қатъи фаъолияти калонтарин корхонаи сементбарории Тоҷикистон, “Тоҷиксемент” сурат мегирад, ки моҳи чорум аст, дар пайи қатъи интиқоли гази Узбакистон кор намекунад.

Ҳавасмандии Душанбе барои афзоиши воридоти сементи Покистон дар ҳолест, ки қаблан раиси Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ Абдувалӣ Комилов гуфт, ки дар ҷумҳурӣ истифодаи сементи истеҳсоли Покистон ҳангоми бунёди биноҳои баландошёна манъ шудааст ва ба истифодаи он танҳо дар сохтмони биноҳои то сеошёна иҷозат дода шудааст. «Аз нигоҳи сифат сементи истеҳсоли Тоҷикистон аз сементи истеҳсоли Покистон хубтар аст», - иброз дошт ӯ.

Вернуться назад