Главная > Тоҷикистон > Ифтитоҳи гӯшаи Саудӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Ифтитоҳи гӯшаи Саудӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон


1 апрел 2013, 15:03. Разместил: administrator
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи фарҳангии Арабистони Саудӣ ифтитоҳ ёфт. Дар маросими ифтитоҳи ин гӯша, ки рӯзи 29 март ҷараён гирифт, шоҳзода Абдулазиз ибни Абдуллоҳ Оли Сауд, муовини авали вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ иштирок кард, ки барои Муколамаи кишварҳои узви Ҳамкориҳои Осиё ба Душанбе омада буд.

Инчунин, дар ин маросим Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанг, Маҳмадшо Илолов, президенти Академияи улум, Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттиҳоди нависандагон, Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон ва шоири маъруф Гулрухсори Сафӣ ширкат карданд. Гӯшаи фарҳангии Саудӣ дар ошёнаи чаҳоруми бинои Китобхонаи миллӣ ҷой гирифта, дорои китобҳои мухталиф ба забони арабӣ, маводи фарҳангӣ ва дастгоҳҳои компютерӣ мебошад.

Инчунин, дар назар аст, дар ин гӯша барномаҳои фарҳангӣ ва давраҳои омӯзиши забони арабӣ роҳандозӣ шавад.

Вернуться назад