Главная > Тоҷикистон, Сиёсат > Вазир пайдо нашудани Маликаву Сабинаро камбуди гуруҳи оперативӣ гуфт

Вазир пайдо нашудани Маликаву Сабинаро камбуди гуруҳи оперативӣ гуфт


8 апрел 2013, 13:15. Разместил: hd
Вазири умури дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон, аз рафти корҳои ҷустуҷӯӣ барои дарёфти Малика ва Сабина, ду ноболиғи гумшуда дар Душанбе изҳори нигаронӣ кардааст.

Тавре аз Вазорати умури дохилӣ ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд Раҳимов ҳисоботи гурӯҳи махсуси оперативиро, ки бо фармони алоҳида барои ҷустуҷӯи ноболиғон Аралова Малика ва Аралова Сабина таъсис дода шуд, шунида, таъкид кардааст, ки ин гуруҳ ба камбудиҳо роҳ додааст. Вазир афзудааст, ки маҳз камбудиҳо дар кори оперативӣ-ҷустуҷӯӣ боис шудаанд, ки то ҳол натиҷаи дилхоҳ ба даст наомадааст. Рамазон Раҳимов ба гурӯҳи оперативӣ барои пайдо намудани ноболиғон муҳлат дода, онҳоро муваззаф кардааст, ки корҳои ҷустуҷӯиро пурзӯр намоянд.

Малика ва Сабина Араловаҳо, ки яке панҷ ва дигаре шаш сол доранд, рӯзи 25-уми март, тақрибан соати 16-00, аз кӯчаи Айнӣ бедарак шудаанд. Тимур Аралов, падари Малика Аралова, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфта буд, ки кӯдаконаш чун ҳарвақта барои бозӣ баромада бедарак шудаанд: “Ҳоло мо гуфта наметавонем, ки онҳоро дуздидаанд ё худ ба ҷое рафта роҳгум задаанд. Мо тамоми хонаҳои хешутаборро пурсуҷӯ кардем, ҳамсояҳо ҳам суроғ мекунанд, тамоми таҳхонаҳои биноҳои истиқоматии наздик ба маҳали зистамонро кофту коб кардем, мақомот ҳам дар ҷустуҷӯ аст, вале мутаассифона ҳоло онҳоро пайдо накардаем.”

Вернуться назад