Главная > Тоҷикистон, Сиёсат > “Бо хоҷагони хориҷӣ моро муттаҳам накунед!” Кабирӣ мегӯяд, паёми президент ӯро ноумед кард

“Бо хоҷагони хориҷӣ моро муттаҳам накунед!” Кабирӣ мегӯяд, паёми президент ӯро ноумед кард


27 апрел 2013, 12:13. Разместил: hd
Ҳумайрои БАХТИЁР

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, имрӯз, 27-уми апрел, зимни суханрониаш дар 40-солагии ҳизб аз фазои сиёсии Тоҷикистон ва худкомагиҳои ҳукумат интиқод кард.

Муҳиддин Кабирӣ аз он, ки аксари меҳмонони даъватшудаи ҲНИТ натавонистаанд ба ҷашни 40-солагии ҲНИТ ҳозир шаванд, изҳори норозигӣ намуд: “Ин давлат манзили шахсии касе нест, ки ҳар вақте хоҳад, меҳмон даъват кунад ва боз гусел кунаду калидро дар кисааш занад. Барои ин давлат 8 миллион аҳолӣ даъво дорад, ин хонаи ҳамаи мост.”

Кабирӣ афзуд, ки суханони президент дар паёми солонааш ба парлумон, ки гуфт ҳукумати Тоҷикистон барои аҳзоби сиёсӣ тамоми шароитро муҳайё кардааст, умеди ӯро шикастааст: “Агар мегуфт, ки мо шароитро муҳайё мекунем, гапи дигар мебуд. Мо умедовор мешудем. Вале мегӯянд, шароитро аллакай муҳайё кардаанд. Чӣ шароит муҳайё кардаанд, ки шаш моҳ қабл барои толор ба раиси дастгоҳи президент дархост пешниҳод кардем вале ҷавоб нагирифтем. Агар ҳунарманд барои толор танҳо бо мудири толор тамос гирад, масъала ҳал мешавад. Чӣ шароит муҳайё карданд, ки 200 нафар меҳмонон натавонистанд ба Тоҷикистон биёянд.”

Кабирӣ таъкид кард, ки хеле дилаш мехост, намояндаи ҳукумат дар ҷаласаи бахшида ба 40-солагии ҲНИТ иштирок кунад: “Мо аз онҳо як хоҳиш дорем, ки ҳуқуқи сарқонунии моро ба мо бидиҳанд.”

Муҳиддин Кабирӣ инчунин ҲНИТ-ро қалби давлат унвон кард, ки онро ба ҳаракат медарорад: “Имрӯз барои ҲНИТ тамоми ниҳодҳои ҳукумат дар ҳаракатанд ва ҳатто дар мактабҳоии миёна маҷлисҳо баргузор шудаанд. Ин маънои онро дорад, ки Ҳизби наҳзат қалби ин давлат аст. Чунки то мо садо баланд накардем, дастгоҳҳои ҳукумат ба ҳаракат намедаромаданд. Умедвор мешаваем, ки ин ҳаракат ба хотири ободӣ аст.”


Раиси Ҳизби наҳзати исломӣ таъкид кард, ки дигар набояд якдигарро аз ҷанг тарсонд: “Бо хоҷагони хориҷӣ моро муттаҳам накунед. Ягон ҳизби сиёсӣ чунин хоҳиш хоҳиш надорад.”

Бо ишора ба қисмати дигари паёми президент оиди ҷанги таҳвилӣ аз хориҷ Кабирӣ афзуд, ки “мудоме инҳо душворӣ дар хориҷ аз кишвар доранд, пас чаро душман дар дохил меҷӯянд.” Кабирӣ илова намуд, ки ҳамин лаҳзаҳои душвор ҳукумат ниёз ба кӯмаки аҳзоби мухолиф, аз ҷумла ҲНИТ дорад.

Имрӯз, 27-уми апрел Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар дафтари марказиаш дар шаҳри Душанбе 40-умин солгарди таъсисёбиашро таҷлил кард, ки дар он намояндагони аҳзоби сиёсӣ, аҳли адаб, парлумон ва меҳмонони хориҷӣ ширкат доштанд.


Изҳороти Тураҷонзода, Шарипов, Зоиров ва масъулини "Тоҷикистони нав" дар ҷашнвораи ҲНИТ

Вернуться назад