Главная > Тоҷикистон > Ҷоми AFC-2013: “Равшан” дар бозии охиронаш бо “Ал-Шорта” рақобат мекунад

Ҷоми AFC-2013: “Равшан” дар бозии охиронаш бо “Ал-Шорта” рақобат мекунад


29 апрел 2013, 15:13. Разместил: hd
Фардо, 30-юми апрел, дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бозии охиронашро дар мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2013, дар гурӯҳи “D” бо дастаи “Ал Шорта”-и Сурия анҷом медиҳад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.

Дастаи “Равшан”-Кӯлоб дар панҷ бозии қаблияш дар мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 шикаст хӯрдааст. Футболбозони дастаи “Равшан” дар 5 бозӣ як тӯб ба дарвозаи ҳариф ворид намуда 14 гол хӯрдаанд.

Пас аз анҷоми чор даври бозӣ дар гурӯҳи “D” чуни наст: Дастаи “Ал Қудсия” бо 12 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Тимҳои “Ал Рамза” ва “Ал Шорта” 9-имтиёзӣ ба даст овардаанд ва аз рӯи натиҷаи голҳо ҷойҳои дуюму сеюмро касб кардаанд. Дастаи “Равшан” бидуни имтиёз дар зинаи охирон қарор дорад.

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ки дар бозиҳои гурӯҳии Ҷоми AFC-2013, дар гӯруҳи “А” қувваозмоӣ мекунад, бозии охиронашро рӯзи 1-уми май бо тими “Ал Риффа” дар меҳмонӣ анҷом хоҳад дод.

Футболбозони дастаи "Регар-ТадАЗ" аввалин бозии даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013-ро дар гурӯҳи “А” дар меҳмонӣ бо тими “Сафо”-и Лубнон бо ҳисоби 1:1 анҷом дода, дар чор бозии дигар шикаст хӯрдаанд. Онҳо дар 5 бозӣ 4 гол ба дарвозаи ҳарифон ворид намуда 15 гол хӯрдаанд.

Пас аз анҷоми чор даври бозӣ натиҷаи имтиёзҳои ин гурӯҳ чунун аст: Дастаи “Кувайт” бо 12 имтиёз дар ҷойи аввал аст. “Ал-Риффа” бо 9 имтиёз зинаи дуюмро касб кардааст ва дастаи “Сафо”бо 7 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд. “Регар-ТадАЗ” бо як имтиёз дар ҷойи охирон аст.


Вернуться назад