Главная > Тоҷикистон > Интихоботи Восеъ. Сабқати се номзад барои як курсӣ

Интихоботи Восеъ. Сабқати се номзад барои як курсӣ


4 май 2013, 11:46. Разместил: administrator
Фардо, 5-уми май, дар ҳавзаи якмандатии №39-и ноҳияи Восеъ интихоботи миёндавраӣ баргузор мешавад.

Интихобкунандаҳои Восеъ яке аз се номзадро, ки ду нафараш ҳизбӣ ва як тани дигар худпешбариянд, ба парлумон хоҳанд фиристод.

Зайниддин Сафаров, намояндаи Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ибодулло Неъматов аз Ҳизби халқӣ-демократӣ ва Раҷаби Мирзо, раҳбари Маркази тадқиқоти сотсиологии «Бозтоб» муддаии курсии холишада дар Маҷлиси намояндагонанд. Ҷӯрабек Қурбонов, мудири Идораи ҳифзи иҷтимоии минтақаи Кӯлоб, ки ҳамчунин номзад буд, аз идомаи рақобат даст кашидааст.

Зарурати баргузории интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи №39 баъди раиси ноҳияи Восеъ таъин шудани Рустам Латипов ба миён омад. Ҷаноби Латипов, намояндаи ҳизби аграрии Тоҷикистон, дар интихоботи парлумонии соли 2010 аз ҳамин ҳавза ба ҳайси вакили палатаи поёнии парлумон интихоб шуд ва раисии Комиссияи экологияи палатаи поёнии Маҷлиси намояндагонро ба зимма дошт.

Вернуться назад