Главная > Тоҷикистон, Ҷавонон ва варзиш > “Равшан” бо “Парвоз” “Истаравшан” бо “Регар-ТадАЗ” қувваозмоӣ мекунанд

“Равшан” бо “Парвоз” “Истаравшан” бо “Регар-ТадАЗ” қувваозмоӣ мекунанд


8 май 2013, 16:36. Разместил: MG
Федератсияи футболи Тоҷикистон доварону нозирони бозиҳои мавқуфгузоштаи даври дуюм ва чоруми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олиро муайян кард.

Дастаҳои “Равшан” ва “Парвоз” бозии мавқуфгузоштаи даври чоруми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистонро рӯзи 9-уми май анҷом медиҳанд. Онро Баҳром Саъдуллоев (аз Қӯрғонтеппа) доварӣ мекунад. Умед Раҳимов, Сайвалӣ Турдиев (ҳарду аз Қӯрғонтеппа) ёварони довар таъин шудаанд. Султон Қосимов (Душанбе) масъулияти нозириро дар душ дорад.

Тимҳои “Истаравшан” ва “Регар-ТадАЗ” бозии мавқуфгузоштаи даври дуюми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистонро 10-уми май анҷом медиҳанд. Рустам Холов (Душанбе) довари асосӣ ва Сафармаҳмад Шоймардонов (Хуросон), Ҳабибулло Нарзуллоев (Ҳисор) ёварони ӯянд. Нозири бозӣ Раҳимҷон Шарипов (Душанбе) мебошад.


Вернуться назад