Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 29 апрел 2017, 16:23
17 декабр 2016, 12:27

Охирин суҳбати Исмоил Талбаков бо “Озодагон”, 16.12.16 (САДО)

Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон рӯзи 16 декабр чанд соат қабл аз даргузашташ бо “Озодагон” суҳбат дошт.

16 декабр 2016, 08:46

Баҳои Шумо ба кори яксолаи ҳукумат чӣ гуна аст?

Дар назар аст, имсол ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумати Тоҷикистон 23 декабр, як рӯз баъд аз ироаи паёми Президент ба парлумон баргузор шавад. Бино ба иттилои расида, дар ҷаласаи ҷамъбастӣ, ки барои аввалин бор дар моҳи декабр доир мегардад, натиҷаҳои кори яксолаи ҳукумат ва нақшаҳо барои соли оянда баррасӣ мешаванд. Дар зимн, “Озодагон” аз соҳибназарони тоҷик пурсид: БАҲОИ ШУМО БА КОРИ ЯКСОЛАИ ҲУКУМАТ ЧӢ ГУНА АСТ?

15 декабр 2016, 09:17

Холаи Шакархотун: Модари 18 фарзанд бо 18 дипломи макотиби олӣ!

Ҷиҳати дигари ҷолиби қиссаи ин оилаи серфарзанд он буд, ки онҳо, зану шавҳар, барои гирифтани МАЪЛУМОТИ ОЛӢ ба ҳамаи 18 фарзанд саҳм гузоштаанд! Тасаввур мекунед, албатта, ҳаждаҳ фарзанд ва ҳашдаҳ дипломи макотиби олӣ!

14 декабр 2016, 16:26

Баҳси басташавии “Нигоҳ”-у “TojNews” дар Вена: Мушкили молӣ ё хости прокуратура?

Саида Искандарова, намояндаи Тоҷикистон дар САҲА гуфт, фаъолияти ҳафтаномаи “Нигоҳ” ва хабаргузории “TojNews” ба далели молӣ қатъ шудааст.

14 декабр 2016, 13:30

Ҳукумат ба Пирзода 1 моҳ муҳлат ва 2 миллиард сомонӣ додааст

Тоҷиддин Пирзода баъди 7 моҳ дубора ба мақоми раҳбари “Тоҷиксодиротбонк” баргашт.

14 декабр 2016, 08:17

Бояд ҳар рӯз рӯзи Муҳаммад (с) бошад!

Ҳамд ва ситоиши беандоза Худоеро, ки ба ҷаҳониён дар айни зулмату торикӣ, фасоду гумроҳӣ, ваҳшонияту раҳгумӣ беҳтарин фарзанди одам, ростқавлу амонатдор, хушахлоқу боифат ва зебою хоксор -- Муҳаммад (салом ва дуруди Худо бар Ӯ)-ро фиристод ва ба ҷаҳон ҷони дубора бахшид.

13 декабр 2016, 12:10

Ҳимояи ҳукумат аз тағйири номи Муғулиён, Куктош, Оқтеппа ва...

Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоди вакилони халқии вилояти Суғдро барои тағйири номи бархе аз маҳаллаҳои аҳолинишин дар навоҳии Панҷакент, Конибодом, Ашт ва Спитамен ҳимоят кардааст.

12 декабр 2016, 11:20

Шарифзода: Аълоҳазрат Оқохон болотар аз як инсони ренессонсӣ аст

Суҳбат бо Меҳмоншо Шарифзода, хатмкардаи Донишгоҳи мутолеоти исмоилӣ дар бораи фаъолияту шахсияти Оқохони IV, ки 13-уми декабр 80-сола мешавад...

9 декабр 2016, 09:38

Беназир: Ҳис мекунам падарам бо чӣ азобҳо Ватанро тарк мекард... (АКС)

Беназир Ализода, наққоши ҷавон ва духтари Исфандиёри Назар, шоир ва рӯзноманигори тоҷики муқими Олмон дар барномаи “Сад зан”, тарҳи вижаи Бӣ-Бӣ-Сӣ-и форсӣ аз ибтидои кори наққошии худ қисса кардааст.

9 декабр 2016, 09:20

Хатарҳои эҳтимолии соли 2017 кадомҳоянд?

Ширкати “Блумберг” бо нашри натоиҷи як назарсанҷӣ интихоботҳо дар Аврупо, сиёсати хориҷии Доналд Трамп ва ҷангҳои сойберии ҷаҳонро хатарҳо барои субот дар соли 2017 унвон кардааст.

8 декабр 2016, 12:02

Нашри аксҳои гаравгонгирони писари мансабдор барои 100 ҳазор $

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 6-уми декабр гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар шаҳри Турсунзода, бо роҳи гаравгонгирӣ хостаанд маблағи калони пулӣ ба даст оранд.

7 декабр 2016, 16:35

Ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат: Кӣ меояду кӣ меравад?

Ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумати Тоҷикистон 23-уми декабр, як рӯз баъд аз ироаи паёми Президент ба парлумон дар назар аст.

7 декабр 2016, 09:48

60 солу 6 моҳи зиндони се сокини Душанбе барои қатли ваҳшиёнаи Боймурзаева

Додгоҳи шаҳри Душанбе се сокини пойтахтро дар куштори ваҳшиёнаи як зан муҷрим шинохта ва онҳоро дар маҷмӯъ барои беш аз 60 сол равонаи зиндон кардааст.

6 декабр 2016, 14:06

Сипоси Мирзиёев ба дипломати тоҷик: Ҳамкорӣ мекунем...

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури тозаинтихоби Узбакистон, ба Рашид Олимов, дипломати тоҷик, дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай барои назорату баҳогузории интихоботи президентӣ изҳори миннатдорӣ кардааст.

6 декабр 2016, 10:57

Юсуф Раҳмон: Тоҷикистон бехавфтарин кишвари ИДМ барои зиндагист

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, кишвари мо дар миёни ҷумҳуриҳои посшӯравӣ аз лиҳози бехатарӣ барои ҳаёти шаҳрвандон дар ҷои аввал қарор дошта, Душанбе ба феҳрасти 10 шаҳри барои зиндагӣ бехавфтарин шомил шудааст.

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!