Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 28 май 2017, 08:04
26 май 2014, 20:43

Қирғизистон дигар ба шаҳрвандони Тоҷикистон манзил намефурӯшад?

Мақомоти Қирғизистон эҳтимолан бо ҳадафи таҳкими амнияти марзӣ харидории амвол ба шаҳрвандони хориҷӣ дар навоҳии наздисарҳадиро манъ кунанд.

23 май 2014, 18:16

Гирдиҳамоии тоҷикони Бишкек дар эътироз ба ҳаводиси Хоруғ

Зодагони Бадахшони муқими Қирғизистон мегӯянд, дар эътироз ба тирпаронии рӯзи 21 майи шаҳри Хоруғ дар рӯбарӯи Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек даст ба гирдиҳамоии мусоламатомез мезананд.

22 май 2014, 14:23

Нақли президент дар бораи президенте, ки гиря мекарду мегурехт

“Ба ӯ занг задам, гиря мекард. Гуфт, “Саша, ту барои ман ҳеч гоҳ дӯст набудӣ, аммо ман ҳоло ҳамроҳ бо кӯдаконам дар як ҷангал паноҳ бурдаем ва намедонем чӣ кор кунем. Ҳадди ақал фарзандони маро наҷот деҳ!”,-афзудааст раисиҷумҳури Беларус.

21 май 2014, 18:23

Кумита: “Агар Узбакистон газ надиҳад, мо об намедиҳем”

Яке аз кумитаҳои парлумони Қирғизистон аз ҳукумати кишвараш хостааст, миқдори оби ҷудошуда ба Узбакистонро коҳиш диҳад.

21 май 2014, 15:09

Оғози гуфтушуниди Бишкеку Душанбе дар бораи харидории нерӯи барқ

Ҳукумати Қирғизистон мегӯяд, гуфтушунид бо ҳукумати Тоҷикистон дар бораи харидории неруи барқ аз ин кишварро оғоз кардааст.

21 май 2014, 10:04

Раисиҷумҳур: “Пеш аз задухӯрди тоҷикону қирғизҳо... арақ тақсим мекунанд”

Раисиҷумҳури Қирғизистон дар нишасти хабарии Шанхай масъалаи танишҳои марзии кишвараш бо Тоҷикистонро ба миён гузошта, онро дасти бархе сиёсатмадорон ва ВАО донист.

20 май 2014, 10:42

Вазири қирғиз баъд аз сӯҳбаташ бо Аслов: “Ворух ҷазирақаламрав буд, мемонад”

Раҳбарони вазоратҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳошияи Анҷумани иқтисод ва ҳамкориҳои кишварҳои арабӣ бо ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Озарбойҷон дар шаҳри Риёз – пойтахти Арабистони Саудӣ бо ҳам мулоқот кардаанд.

20 май 2014, 10:14

Мактуби Марату Одил ба раисиҷумҳур: “Ватанро пазмон шудем”

Марат ва Одил, бародарони хурдии Қурмонбек Боқиев -- раисиҷумҳури фирории Қирғизистон аз раҳбарияти кишварашон иҷозаи зиндагӣ дар ватан хостаанд.

19 май 2014, 12:16

Тасвиби созишномаи миёни Душанбеву Бишкек аз сӯи Жогорку Кенеш

Вакилони парлумони Қирғизистон созишномаи ба миёномада миёни ин кишвар ва Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мудофиаи шаҳрвандӣ ва ҳолатҳои фақулодаро қабул карданд.

14 май 2014, 10:43

Тавофуқи Душанбею Бишкек дар бораи қазияи 7 май, роҳ ва ҷубронпулӣ

Муродалӣ Алимардон, ноиби сарвазири Тоҷикистон, рӯзҳои 12-13 уми май зимни ҷаласаи машваратии гуруҳҳои ҳукуматӣ бо ҳамтои қирғизаш Абдураҳмон Маматалиев дар мавриди роҳ, таҳқиқи қазияи 7-уми май ва ҷубронпулӣ тавофуқ кардаанд.

14 май 2014, 08:57

Расулзода: “Набояд аз мушкилоти рӯзмарра дар марз моҷаро созем”

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар мулоқот бо ноиби сарвазири Қирғизистон Абдураҳмон Маматалиев дар Душанбе роҳҳои ҳалли баҳсҳои марзиро баррасӣ кардаанд.

10 май 2014, 10:06

Парвандаи ҷиноии задухӯрди қирғизҳову тоҷикон дар марз

Вазорати умури дохилии Қирғизистон мегӯяд, дар робита ба задухӯрди сокинони наздимарзии кишвараш бо Тоҷикистон, ки шаби 7 майи соли ҷорӣ иттифоқ уфтода буд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

8 май 2014, 12:27

Ҷаласаи изтирории парлумон дар пайи муноқишаи тоҷикҳову қирғизҳо

Парлумони Қирғизистон ба таври оҷилӣ қазияи ба миён омада дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистонро субҳи 8 май ба баррасӣ гирифтааст.

8 май 2014, 09:23

Нота (номаи эътирозӣ)-и Қирғизистон ба Тоҷикистон

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон дар робита ба задухӯрди шоми 7 май миёни сокинони ду кишвар бо фаро хондани сафири Тоҷикистон дар Бишкек нотаи эътирозӣ додааст.

7 май 2014, 16:15

Президент гуфт, дар соли гузашта $20 000 даромад дошт

Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон, мегӯяд, дар соли 2013 ҳудуди 20 ҳазор доллари амрикоӣ даромад доштааст.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!