Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 17 январ 2017, 07:50
5 июн 2013, 10:37

Таъсиси шаш кумитаи ҷамъиятӣ дар доираи Эътилоф барои демократия

Раёсати Эътилоф барои ҳимоят аз демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ самтҳои фаъолияташро мушаххас ва дар доираи он шаш кумитаи ҷамъиятӣ, мисли Кумитаи дифоъ аз Зайд Саидов, таъсис додааст.

3 июн 2013, 14:15

Дар асорат (Номаи саркушода ба Эмомалӣ Раҳмон)

Онҳо бо маоши давлатӣ чӣ тавр ин хонаҳоро месозанд, ки бо маоши 500-солаи онҳо наметавон сохт?!

3 июн 2013, 12:36

Адвокат: То ҳол далели гунаҳкории Зайд Саидов пешниҳод нашудааст

Мақомоти тоҷик, дархости вакилони дифои Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшуда ва собиқ вазири саноати Тоҷикистонро дар мавриди гарав ба ивази раҳоӣ аз ҳабси пешакӣ рад кардаанд.

31 май 2013, 12:52

Назари Умаралӣ Қувватов дар бораи боздошти Зайд Саидов

Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони сиёсии “Гуруҳи 24”, ки дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб зиндонист, дар суҳбати телефоние бо вакили дифоаш Николай Николаев дар мавриди боздошти Зайд Саидов изҳори назар кардааст.

29 май 2013, 13:00

“Ҳукумати оянда” қазияи З.Саидовро “зарба ба эътимоду умеди мардум” хонд

Рӯзи 28-уми май дар шаҳри Маскав ҷаласаи клуби омӯзишии «Ҳукумати оянда» баргузор гардид, ки дар он қазияи Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшуда ва собиқ вазири саноат ва туҳфаи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони кишвар мавриди муҳокима қарор гирифтааст.

29 май 2013, 10:23

Падари маҳбусро дар бораи Зайд Саидов бозпурсӣ кардаанд

Субҳи имрӯз, 29-уми май, кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Маҳмурод Одинаев, падари маҳбус Сунатуло Ризоевро ба дафтари амният ба Душанбе оварда мавриди бозпурсӣ қарор додаанд.

28 май 2013, 14:00

Зайд Саидов аз наздиконаш хостааст, умедро аз даст надиҳанд

Наздикони Зайд Саидов барои ӯ, ки ҳоло дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад, китоби Қуръону Маснавии Ҷалолиддини Балхиро ирсол кардаанд.

27 май 2013, 15:36

Ҷонибдории додгоҳи шаҳри Душанбе аз ҳабси Зайд Саидов

Додгоҳи шаҳри Душанбе қарори суди ноҳияи Фирдавсиро дар мавриди ҳабси пешакии Зайд Саидов, соҳибкори шинохтаи тоҷик, бетағйир гузошт.

27 май 2013, 15:04

Чаро Ҳоҷимуҳаммад Умаров ба 'Тоҷикистони нав' пайваст?

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, ки ахиран ба ҳизби Тоҷикистони нав пайваст, ба 3 саволи “Озодагон” ҷавоб дод. Аз ҷумла, ба ин суол ки чаро ӯ ба Тоҷикистони нав пайваст?

26 май 2013, 10:31

Анҷумани муассисони ҳизби “Тоҷикистони нав” ба таъхир афтод

Анҷумани гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, ки қарор буд имрӯз, 26-уми май, дар шаҳри Душанбе баргузор ва сипас аснод барои сабтином ба Вазорати адлия пешниҳод гардад, ба таъхир афтодааст.

25 май 2013, 13:30

Кумитаи "дифоъ аз ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидов" ташкил шуд

Рӯзи 25-уми май дар Душанбе Кумитаи ҷамъиятии ҳимоят аз ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав, ташкил шуд.

25 май 2013, 11:52

Фаттоҳ Саидов: “Парвандаи Зайд Саидов то ду моҳ ба додгоҳ меравад”

Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо “Озодагон” гуфт, баррасии парвандаи Зайд Саидов то ду моҳи дигар анҷом ёфта, ба додгоҳ ирсол хоҳад шуд.

24 май 2013, 16:00

Хонаи Озодӣ З.Саидовро қурбонии рақобати носолим хонд

Созмони байналмилалии Хонаи Озодӣ ё Freedom House аз фазои носолими рақобати сиёсӣ дар Тоҷикистон интиқод кардааст.

24 май 2013, 14:18

Вакилони дифоъ: Дастрасӣ ба Зайд Саидов мушкилтар шуд

Зайд Саидов, яке аз соҳибкорони муваффақ ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав, шаби 24-уми май ба боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ интиқол ёфтааст.

24 май 2013, 10:45

Шикояти як шаҳрванди Вйетнам аз болои Зайд Саидов

Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, Хоанг Ван Хиеп -- як шаҳрванди Вйетнам алайҳи Зайд Саидов, вазири пешини саноат ва яке аз соҳибкорони муваффақи Тоҷикистон, ки ҳоло дар боздошт аст, аризаи шикоятӣ додааст.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!