Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 23 феврал 2017, 12:10
4 феврал 2014, 20:25

Дуздии дутори нуқрагини муҷассамаи Нури Холмамадов

Ҳафтаи сипаришуда аз назди муҷассамаи композитори маъруфи туркман Нури Холмамадов дар Ашхобод дутори нуқрагин рабуда шудааст.

1 феврал 2014, 12:00

VIDEO: Норозигии Туркманистон аз сӯҳбатҳои Амонулло Ҳукуматулло

Вазорати умури хориҷии Туркманистон бо пахши иттилоияе алайҳи изҳороти Амонулло Ҳукуматулло (Ҳукумов), раиси корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар бораи роҳи Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон эътироз баён карда, гуфтаҳои Ҳукумовро барои тарҳи минтақаӣ зараровар хондааст.

30 январ 2014, 15:09

Туркманистон дар тарҳи “Роҳи абрешими маҷозӣ” бо НАТО ҳамкорӣ мекунад

Александр Винников, корманди НАТО дар умури иртибот ва ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ зимни мулоқоте дар Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Ашхобод ва Паймони атлантикаи Шимолиро баррасӣ кардааст.

29 январ 2014, 11:10

Арзиши тақвимҳо бо акси президент боло рафтааст

Мағозаҳои шаҳри Ашхобод пур аз тақвимҳо бо акси президенти кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аст, ки бо арзиши гарон фурӯхта мешаванд.

28 январ 2014, 12:47

Ваъдаи ҳукумат барои ихтисоси $100 миллион барои рушди соҳибкории хусусӣ

Вазорати молияи Туркманистон аз ҳисоби Сандуқи тавсеа барои рушди бахши соҳибкории хусусӣ ба Бонки давлатии рушд 300 миллион манат, муодили беш аз 100 миллион доллар ихтисос медиҳад.

24 январ 2014, 15:45

Туркманистонро имсол ҳам кишвари “комилан ноозод” гуфтанд

Созмон Freedom House ё Хонаи Озодӣ дар гузориши тозаи худ Туркманистонро давлати “комилан ноозод” номидааст.

23 январ 2014, 11:14

Ҳасани Руҳониро ба Туркманистон даъват кардаанд

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон бо ирсоли даъватномае унвонии ҳамтои эронияш - Ҳасани Руҳонӣ ӯро ба Туркманистон даъват кардааст.

21 январ 2014, 10:38

Куштори як донишҷӯи туркман дар Украина аз дасти ҳамватанҳояш

Азим Ҳоҷимаҳмадов, як донишҷӯи туркман дар шаҳри Харкови Украина бо захми корд кушта шудааст.

18 январ 2014, 08:59

Мунтахаби ҷавонони Туркманистон аз ширкат дар Ҷоми Иттиҳод-2014 даст кашидааст

Яккачини ҷавонони Туркманистон аз ширкат дар мусобиқаи Ҷоми Иттиҳод-2014 оид ба футбол даст кашидааст.

10 январ 2014, 09:16

Видеои DJ-ии раисиҷумҳур баъд аз як сол дастраси расонаҳо шуд

Дар шабакаи Youtube наворе пайдо шудааст, ки дар он Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон ба сифати Ди-Ҷей (DJ) ҳузур пайдо мекунад.

9 январ 2014, 11:13

Туркманистон: 8 бемори сил аз маҳбас раҳо шудааст

8 тан аз маҳбусони мубталои шакли шадиди бемории сил, ки дар беморхона барои маризони мавсум ба MRB/15-и Туркманистон бистарӣ будаанд, раҳо шудаанд.

7 январ 2014, 17:55

Сапармурод нишони биринҷии мусобиқоти ҷаҳонии шоҳмотро ба Туркманистон бурд

Сапармурод Отабоев, шоҳмотбози навраси туркмани дар сабқати ҷаҳонии шоҳмот миёни наврасон соҳиби мақоми сеюм шуд.

6 январ 2014, 18:21

Шоири мардумӣ барои нигаронӣ аз сиёсати президент ба “рӯйхати сиёҳ” афтид

Аз декабри соли сипаришуда матбуоти Туркманистон аз нашри эҷодиёти Отамурод Отабоев, нависандаи мардумии ин кишвар даст кашидааст.

3 январ 2014, 19:32

Баҳрабардорӣ аз лулаи газрави Туркманистон-Хитой баъди ду сол дар назар аст

Ҷумҳурии мардуми Чин аз соли 2016 имкони истифодаи бештари гази Туркманистон аз тариқи Қирғизистонро дарёфт хоҳад кард.

21 декабр 2013, 19:30

Президент аз «бонкирҳо» талаб кард, мукофотпулиҳоро баргардонанд

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон сардори раёсати Бонки марказӣ ва раҳбарони дигар муассисаҳои қарзию молиявии кишварашро танбеҳ додааст.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!