Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 23 феврал 2017, 12:10
14 август 2014, 11:21

Дархости сохтмончиёни ҳинд барои раҳойӣ аз асорат дар Узбакистон

Мақомоти иёлати Андхра-Прадеши Ҳиндустон аз Вазорати умури хориҷии кишварашон даъват кардааст, 250 нафареро, ки бо роҳи фиреб ба Узбакистон бурдаанд, аз асорат раҳо кунад, хабар медиҳад Uznews.net.

13 август 2014, 10:49

Нахуствазир мехоҳад муҳоҷиронро ба ватан биёрад

Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбакистон ҳангоми боздидаш аз водии Фарғона дар моҳи июл аз мақомдорони маҳалӣ тақозо кард, тамоми аҳолии ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар рафтаро баргардонанд.

9 август 2014, 08:59

Имом Обидхон Назаров дар Шветсия ба ҳуш омадааст

Имом Обидхон Назаров, ки моҳи феврали соли 2012 дар Шветсия мавриди суиқасд қарор гирифт, ба ҳуш омадааст. Довудхон Назаров, писари имом ба бахши узбакии Бӣ-Бӣ-Сӣ гуфтааст, вазъи падараш рӯ ба беҳбудӣ овардаст: “Падарам аллакай ба ҳуш омада ва кӯшиш мекунад бо мо суҳбат кунад”.

7 август 2014, 18:04

Русия муттаҳам дар дуздии 12 миллион долларро ба Узбакистон истирдод кардааст

Шаҳрванди Узбакистон, ки дар дуздии беш аз 430 миллион рубл, (наздик ба 12 миллион доллар) муттаҳам мешавад аз Русия ба ватанаш истирдод шудааст.

7 август 2014, 09:51

Академики узбак: “Пешниҳоди бомбаборон кардани Роғунро ман нагуфтаам"

Рустам Абдуллоев - академики узбак тааллуқ доштани матлаби “Сетразия.ру” дар мавриди бомбаборон кардани неругоҳи барқи обии “Роғун”-и Тоҷикистон ба худро рад карда, онро иғвои гуруҳҳои манфиатдор хондааст.

6 август 2014, 12:40

Ҷавоб ба иддаои академик: "Кому выгодно экологическая истерика?"

Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ба чанд нуктаи баҳсбарангези Рустам Абдуллоев, академики узбак, ки рӯзи 5 август алайҳи сохтмони Роғун мақолаеро ба нашр расонду бомбаборони онро хост, посух додааст.

5 август 2014, 10:02

Вазорати хориҷӣ гуфт, ҳеч пойгоҳи низомӣ дар қаламрави Узбакистон мустаққар намешавад

Вазорати умури хориҷии Узбакистон бо нашри изҳороте эълон кард, ки дар ҳудуди кишвараш шеч пойгоҳи низомии хориҷӣ мустаққар нахоҳад шуд.

4 август 2014, 15:13

Шаҳрванди Узбакистонро барои ҳамла ба пулиси рус 5 соли зиндон таҳдид мекунад

Раёсати умури дохилии вилояти Маскав аз боздошти як шаҳрванди Узбакистон хабар додааст, ки дар ҳамла ба корманди пулис муттаҳам мешавад.

31 июл 2014, 12:06

Uzmetronom: ИМА розӣ аст барои пойгоҳи нави низомӣ дар Узбакистон солона миллиард доллар бидиҳад

Иёлоти муттаҳидаи Амрико барои мустаққар кардани пойгоҳи нави ҳарбӣ дар шаҳри Тирмиз бо ҳукумати Узбакистон мулоқот мекунад. Бино ба иттилои Uzmetronom, Амрико омодааст, ки солона ба Узбакистон 1 миллиард доллар бидиҳад.

30 июл 2014, 15:12

Мусодираи як кило нос аз муҳоҷирони корӣ дар Русия

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Пенза аз мусофирони қатори самти Узбакистон-Русия як кило нос мусодира кардаанд. Ин миқдор нос аз чор шаҳрванди Узбакистон гирифта шудааст.

26 июл 2014, 09:35

Узбакистону Қирғизистон дар масъалаи аломатгузории марз ба мувофиқа нарасидаанд

Узбакистон ва Қирғизистон дигарбора натавонистаанд дар масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад ба мувофиқа бирасанд.

25 июл 2014, 07:51

“Узбекистон хаво йуллари” ҳам аз фазои Украина парвоз намекунад

Ширкати ҳавонаварди “Узбекистон хаво йуллари” тасмим гирифта, самти хати тамоми парвозҳо аз Узбакистон ба Аврупо ва баръаксро, ки тавассути фазои Украина анҷом мешаванд, тағйир бидиҳад. Гуфта мешавад, гап сари хатсайрҳо ба Лондон, Франкфурт, Париж, Рим ва Милан меравад.

23 июл 2014, 14:33

Аз 9 то 15 сол зиндони 6 шаҳрванди Узбакистон барои узвият дар ҲИУ

Додгоҳи вилояти Қашқадарёи Узбакистон 6 табааи ин кишвар, бо шумули се занро аз 9 то 15 солӣ аз озодӣ маҳрум кардааст.

19 июл 2014, 10:00

61 ҳазор доллар, 70 кило асал ва ду гусфанди бирён барои зиёрати хонаи Худо

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбакистон аз ошкор намудани гуруҳи ҷиноие дар шаҳри Тошканд хабар медиҳад, ки одамонро бо визаи тиҷорӣ ба Ҳаҷ мефиристодааст.

14 июл 2014, 09:44

Набераи президент хабари тарки кишвар кардани модарашро рад кард

Ислом Каримов, набераи раисҷумҳури Узбакистон овозаҳо дар мавриди кишварро тарк намудани модараш-Гулнора Каримоваро беасос хондааст.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!