Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 июн 2019, 19:39
3 июн 2017, 09:34

“Виҷдон ва боварӣ ба Худованд метавонад аз болоравии нархҳо дар арафаи идҳои мазҳабӣ ҷилавгирӣ кунад”

Бо пайравӣ аз раиси пештараи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низ талош дорад, нархи навои маҳсулоти ниёзи аввали мардумро дар моҳи шарифи Рамазон танзим кунад. Мушоҳидаҳои чанд соли ахир нишон дод, ки шаҳрдори собиқ дар ин замина чандон муваффақ нашуд. Дар робита, “Озодагон” аз коршиносону соҳибназарон пурсид: ОЁ ЗӮРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА НАРХИ НАВО МЕРАСАД? АГАР БАЛЕ, ЧӢ ГУНА ВА АГАР НЕ, БАРОИ ЧӢ?

1 июн 2017, 11:59

Соҳибони “калла”-ҳои чандмиллиондолларӣ киҳоянд? (ИНФОГРАФИКА)

Моҳи августи соли 2016 Ҳукумати ИМА барои иттилоъ дар бораи макони будубоши Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи “ОМОН”-и Тоҷикистон, ки ба “ДИИШ” пайваст, то 3 миллион доллари амрикоӣ ҷоиза эълон кард. Давоми 9 моҳ касе ба гирифтани ин ҷоиза муваффақ нашуд, аммо расонаҳо дар бораи кушта шудани Ҳалимов борҳо хабар нашр карданд. Зимнан, ин бори аввал нест, ки Амрико барои пешниҳоди маълумот дар бораи афроди таҳти пайгард ҷоиза ваъда медиҳад. “Озодагон” гаронтарин ҷоизаҳои эълоншуда дар чанд соли ахирро гирд овард.

31 май 2017, 10:13

Талоши дубораи Душанбе барои кӯмак: ХБА боз шарт гузошт

Мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки гуфтушунид бо Хазинаи байналмилалии асъор дар мавриди барномаи дастгирии иқтисодиёти кишвар аз сар гирифта шавад.

31 май 2017, 09:43

Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони “Alvarez&Marsal” вазъи “Агроинвестбонк”-у “Тоҷиксодиротбонк”-ро баррасӣ кардааст

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони ширкати байналмилалии машваратии “Alvarez&Marsal” дар Душанбе мулоқот кардааст.

29 май 2017, 17:34

Мушкилоти нав баъди пулдиҳӣ ба бонкҳои муаммодору болоравии нарх

Бонки Миллии Тоҷикистон, ки қаблан сатҳи таваррум дар соли 2017-ро ҳудуди 7 фоиз пешбинӣ мекард, ахиран изҳор дошт, ки эҳтимол то охири сол ин нишондод ба 8 фоиз бирасад.

29 май 2017, 13:47

Роҳи 2-сола: Трансформатори 214-тонна ба Норак расид (АКС)

НБО “Норак” соҳиби трансформаторе шудааст, ки гуфта мешавад 214 тонна вазну 450 меговолт/ампер иқтидор дорад ва дар ҳафтаи наздик насби он шуруъ хоҳад шуд.

29 май 2017, 09:04

Тоҷирон беинсофанд ё мо беинсофона меандешем?

Барои ҳалли масъала пеш аз ҳама бояд аз баҳри мафкураи “бригадирӣ” бароем. Дигар на Шӯравӣ ҳасту на колхозу на совхоз. Пас супориш додани савдогарон, ки молатро ба ин қиммат неву ба он қиммат фурӯш мантиқӣ нест. Мол дигар моли давлат нест, моли хусусии бозаргон аст. Пас бо чӣ ҳаққе метавонем, ба эшон амр диҳем?

26 май 2017, 08:16

Муаллим 1600 сомонӣ музд мегирад, агар...

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бар асоси барномаи намунавӣ харҷи бунёдӣ барои як тарбиятгиранда дар соли 2018-ро 1675 сомонӣ ба нақша гирифтааст.

25 май 2017, 14:56

Раиси бозори “Деҳқон”: Намегузорем дар Рамазон қимматфурӯшӣ кунанд (АКС)

Зиёвиддин Наҷмиддинов, раиси бозори “Деҳқон” мегӯяд, имсол дар моҳи Рамазон иҷозат нахоҳанд дод, ки тоҷирон нархи маҳсулотро тариқи сунъӣ боло баранд.

25 май 2017, 14:52

Масъулини “Нигоҳи нав”: 15 ҳазор сомонӣ қарздор шудем...

Созмондиҳандаҳои Ҷашнвора-озмуни байналмиллалии театрии ҷавонон -- “Нигоҳи нав” мегӯянд, 15 ҳазор сомонӣ бидеҳкор шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, бояд ин маболиғро то моҳи июн пардохт кунанд, аммо намедонанд ин қадар пулро аз куҷо меёбанд.

22 май 2017, 15:16

Мақоми Тоҷикистон дар раддабандии шароит барои сайёҳони мусалмон

Тоҷикистон дар раддабандии нави “Шохиси саёҳати мусалмонон 2017” (Global Muslim Travel Index) мақомашро дигар накарда, дар ҷойи 26-ум нишастааст.

22 май 2017, 14:54

Хадамот “Пайванд”-ро ҳам 10 ҳазор ҷарима баст...

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ҷамъияти “ССП Пайванд”-ро, ки ба хизматрасонии терминалҳо машғул аст, 10 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.

19 май 2017, 14:58

740 ҳазор сомонӣ зарари офати табиӣ дар Ашт

Хисороти аз боришоти зиёди борон ва омадани сел дар сойҳои Ашт давоми моҳи апрели соли ҷорӣ ба ин ноҳия расида, беш аз 740 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.

19 май 2017, 11:40

Пешниҳоди манъи “sms”-ҳои пайвасткунанда ба хидматрасониҳои пулакӣ

Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон пайвастшавии ғайриихтиёри бархе аз шаҳрвандонро ба хидматрасониҳои пулакии ширкатҳои мобилии кишвар ба миён гузоштааст.

18 май 2017, 17:12

Идомаи “фоиз”-гирӣ: "Пардохт" ҷарима шуд, "Пайванд" чӣ? (АКС)

Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, қисме аз терминалҳои пардохт, гирифтани фоизи муайян аз муштариёни алоқаи мобилиро қатъ накардаанд.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!