Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 26 июл 2017, 09:31
19 май 2013, 10:44

Оҷонсии фасод аз парвандаҳои нав алайҳи З.Саидов хабар дод

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз иттиҳомот ва парвандаҳои нав алайҳи Зайд Саидов, соҳибкори шинохтаи тоҷик ва собиқ вазири энержию саноати кишвар хабар дод.

19 май 2013, 08:54

Зайд Саидовро барои бозпурсӣ ба Оҷонсии фасод бурдаанд

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва роҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” имшаб, 19-уми май, зимни бозгашт аз шаҳри Пориси Фаронса аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба Оҷонсии фасод барои бозпурсӣ оварда шудааст.

18 май 2013, 10:05

Зайд Саидов имшаб ба Душанбе меояд

Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, дар назар аст, ки имшаб, 19-уми май, тақрибан соати 03:05 вориди пойтахти Тоҷикистон шавад.

17 май 2013, 15:24

Зоиров: "Зайд Саидов баргард!"

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, маъракаи густурдае, ки аз ҷониби мақомот алайҳи ҳизби холо ташкилнашудаи «Точикистони Нав» ва ташаббускораш Зайд Саидов роҳандозӣ шудааст, нишонаи набудани демократия, риояи ҳукуқ ва озодиҳои инсон дар Тоҷикистон медонад.

17 май 2013, 09:48

Зайд Саидов мегӯяд, дар хориҷ "пуштибоне" надорад

Зайд Саидов, яке аз тоҷирони муваффақ ва раҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» даст доштани хориҷиёнро дар ташкили ин ҳизб рад намуд.

14 май 2013, 11:40

Қонуни Нютон: Назаре ба қазияи З.Саидов

Ман фикр намекунам руйдодҳои атрофи Зайд Саидов ба обрӯи кишвари мо ва раҳбарияти он заррае афзояд.

13 май 2013, 22:36

Оҷонсии фасод: Нисбати З.Саидов парванда боз накардаем

Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мегӯяд, нисбати Зайд Саидов, соҳибкори маъруфи тоҷик ягон хел парвандаи ҷиноятиро боз накардааст

13 май 2013, 10:32

“Ё З.Саидов сабукдӯш шавад ё Шӯро пурра лағв мегардад”

Имрӯз, 13-уми май, дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ғайринавбатии аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозии Ассосиатсияҳои соҳибкории Тоҷикистон баргузор мешавад, ки дар он пешниҳоди гуруҳи ташаббускор барои сабукдӯш кардани Зайд Саидов аз раҳбарӣ ё умуман барҳам додани ин Шӯро баррасӣ мешавад.

13 май 2013, 08:34

Ҳуқуқшинос: З. Саидовро дар Душанбе метавонанд ҳабс кунанд

Дар ҳоле, ки Зайд Саидов, раҳбари Шӯрои ҳамоҳангсозии ассосиатсияҳои соҳибкории Тоҷикистон мегӯяд, дар зудтарин фурсат ба Душанбе бармегардад, ҳуқуқшиносони тоҷик аз имкони ҳабси ӯ дар Ватан ҳушдор медиҳанд.

11 май 2013, 21:53

Мақомот Зайд Саидовро дар "бисёрзанӣ" ва "азхудкунии моли дигарон" муттаҳам мекунад

Дар ҳоле, ки Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” шаби гузашта ба Фаронса рафтааст, мақомоти Тоҷикистон, имрӯз, 11-уми май аз ифтитоҳи ду парванда алайҳи ӯ бо иттиҳоми бисёрзанӣ ва изофанависӣ хабар доданд.

10 май 2013, 13:32

“Таҳдид ба ҷону моли Зайд Саидов ӯро аз сиёсат бознамедорад”

Ҳизби навтаъсиси “Тоҷикистони нав”, имрӯз, 10-уми май як ҷаласаи изтирориро баргузор намуда, аз таъқибу таҳдид ба ҷону моликияти роҳбарашон Зайд Саидов хабар доданд.

18 апрел 2013, 17:10

Дипломати баландпояи англис бо Зайд Саидов мулоқот мекунад

Лӣ Турнер, масъули тиҷорат ва сармоягузории Вазорати умури хориҷии Британияи Кабир, имрӯз, 18-уми апрел вориди Душанбе мешавад.

Ба қафо | Ба пеш

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!