Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 14 декабр 2018, 00:35
14 август 2017, 09:38

ВКД: Сокини Турсунзода ҳамсарашро буғӣ кардааст

Як сокини 49-солаи шаҳри Турсунзода бо иттиҳоми куштори ҳамсараш боздошт шудааст.

11 август 2017, 15:48

Хадамот: Сокини Конибодом қасд дошт, 6 тангаи Русияи подшоҳиро ба Маскав интиқол бидиҳад

Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, зимни гузаронидани назорати гумрукии мусофирони хатсайри “Хуҷанд-Маскав” аз интиқоли ғайриқонунии 6 тангаи дорои арзиши таърихию фарҳангӣ, пешгирӣ шудааст.

11 август 2017, 15:08

Таркиши раги мағзи сари куҳнаварди рус дар куҳҳои Помир

Александр Абаев, куҳнаварди рус аз шаҳри Иркутск, 3-юми август дар ҳолати вазнин аз куҳҳои Помир тариқи чархбол ба беморхонаи шаҳри Душанбе интиқол дода шудааст.

11 август 2017, 14:30

24 ҳазор сомониро аз дохили “БМВ” кӣ дуздид?

Дар шимоли Тоҷикистон аз дохили як сабукрав беш аз 20 ҳазор сомониро рабудаанд.

11 август 2017, 11:45

Ҳаҷҷи муқаддас бо роуминги муфид аз Tcell!

Барои ҳама мусалмонон мавсими Ҳаҷ -- зиёрати Хонаи Худо фаро мерасад. Ин сафар барои ҳоҷиён хеле муҳим ва назаррас мебошад, зеро он ба боварӣ имон, ба дил руҳи тоза мебахшад ва эҳсонкориро меомӯзад.

11 август 2017, 10:33

Муҳоҷират: Тобути боз як муҳоҷири тоҷикро ба Ватан оварданд

Як муҳоҷири 36-солаи тоҷик дар пайи таркиши газ ба ҳалокат расидааст. Тобути Киромиддин Роибов, сокини рустои Айнии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 9 август ба Тоҷикистон оварда шуд.

11 август 2017, 10:26

Латукӯб ва боздошти ғайриқонунӣ дар қурутобхона

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду мард - сокини 25-солаи кӯчаи Лучоби шаҳри Душанбе ва истиқоматкунандаи 30-солаи шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки дар боздошти ғайриқонунии шаҳрванд айбдор мешаванд.

9 август 2017, 16:33

Масъулин ва тоҷирони бозори “Султони Кабир” 8450 сомонӣ ҷарима шудаанд

Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 35 нафар аз масъулин, тоҷирон ва савдогарони бозори “Султони Кабир” дар Душанберо ҷарима бастааст.

8 август 2017, 16:23

ВКД: Сокини Санҷит сокини Фурудгоҳро бо дос задааст

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 33-солаи рустои Санҷити ноҳияи Нуробод хабар додааст. Ӯ дар захмӣ кардани як сокини дигари ноҳия муттаҳам мешавад.

8 август 2017, 11:01

Садамаи пурқурбонӣ дар шимоли Тоҷикистон: Ронанда ноболиғ ва маст будааст

Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар вилояти Суғд 4 нафар ҳалок ва 2 кас захмӣ шудааст. Ин садама шаби 4 ба 5 август дар ноҳияи Зафаробод ба вуқӯъ пайвастааст.

8 август 2017, 09:54

Наҷотовҳо: Кӯдакамонро наҷот диҳед

Тоҷиддин Наҷотов, сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, барои наҷоти духтараш-Силсиламоҳ Наҷотоваи 6-сола, ки мубталои бемории дил мебошад, аз ҳамватанон кӯмак мехоҳад.

8 август 2017, 08:23

Маҳкумшудаи собиқ аз ҷайби сокини Хистеварз 2000 сомониро рабудааст

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 35-солаи вилояти Хатлон бо иттиҳоми дуздӣ хабар додааст.

7 август 2017, 17:07

Интернет аз Tcell “Боми ҷаҳон”-ро тасхир мекунад

Ширкати Tcell чандин ҳамоишҳоро дар ВМКБ гузаронида, алоқаи боэътимодро дар фестивали “Крыша мира” (Боми ҷаҳон), ки ҳамасола доир мегардад, таъмин кард.

7 август 2017, 15:18

Душанбе: Кандашавии “трос” 2 сохтмончиро муаллақ гузошт

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, кандашавии “трос”-и борбардори сохтмонӣ дар маҳаллаи 61-и Душанбе қариб буд, ки бо марги ду сохтмончӣ анҷомад.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!