Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 июн 2019, 12:54
8 апрел 2013, 09:06

Вазорат: Дар роҳи Қӯрғонтеппа–Дӯстӣ ягон манзилро намекӯчонем

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, марҳилаи дуюми таҷдиди роҳи Қӯрғонтеппа – Дӯстӣ, ба масофаи 18 киллометр моҳи августи соли равон ба анҷом мерасад.

5 апрел 2013, 16:44

Бонки Ҷаҳонӣ: “Ташхиси Роғунро шаффоф анҷом медиҳем”

Бонки ҷаҳонӣ ташхиси фанниву иқтисодӣ ва иҷтимоиву экологии тарҳи неругоҳи Роғунро шафоф анҷом медиҳад. Сироҷ Кумар Ҷа, роҳбари минтақаии ин ниҳоди байналмиллалӣ бо таъкиди ин ҳарфҳо дар шаҳри Душанбе гуфт, «ҷараёни ташхисҳо бо ҳамин раванд идома хоҳанд кард».

4 апрел 2013, 18:13

СММ: Анҷоми ташхиси "Роғун" вазъи Осиёи Миёнаро шиддат мебахшад

Созмони милали муттаҳид мегӯяд, анҷоми ташхиси нерӯгоҳи “Роғун” аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ, ки охирҳои соли равон ба нақша гирифта шудааст, метавонад, вазъ дар минтақаро ба якборагӣ шиддат бахшад.

4 апрел 2013, 11:15

Мардум дар бонкҳо беш аз 3 миллиард пасандоз доранд

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ба ҳолати аввали моҳи март, мардум ва корхонаю идораҳо дар бонкҳои кишвар 4,9 миллиард сомонӣ пасандоз доранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,7 фоиз афзудааст.

3 апрел 2013, 15:36

Вазир аз Бунёди Оғохон хост, татбиқи "Санобод"-ро тезонад

Гул Шералӣ, вазири энеркетика ва саноат бо Карим Хоҷа, раиси минтақаи Осиё – Шабакаи рушди саноат ва инфрасохтори Фонди Оғохон ва Акбар Алӣ Песнанӣ, намояндаи доимии ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон мулоқот кардааст.

3 апрел 2013, 10:58

БОР барои таҷдиди роҳи Айнӣ-сарҳади Узбакистон 100 млн. медиҳад

Имрӯз, 3-юми апрел, парлумони Тоҷикистон созишномаи грантӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд (БОР)-ро тасвиб кард.

3 апрел 2013, 10:46

“Тоҷик Эйр” боз парвозҳоро ба таъхир гузоштааст

Парвози ҳавопаймо дар хатсайри Душанбе-Бишкек, ки мебоист, зуҳри имрӯз, 3-юми апрел, тавассути ширкати «Тоҷик-Эйр» анҷом мегирифт, мавқуф гузошта шуд.

2 апрел 2013, 12:03

Хатнасурро як сӯ гузоред, хатти барқ кашед!

Дар ҳоле ки аҳолии Точикистон тӯли тақрибан ним сол аз камбуди барқ ранҷ мекашанд, 173 русто дар вилояти Хатлон тамоман аз он маҳрум мондаанд.

1 апрел 2013, 10:33

Муҳоҷират дар Тоҷикистон маҷбурист, ё ихтиёрӣ?

Хабарнигори "Озодагон" аз намояндагони аҳзоб ва сокинони одиву коршиносон пурсид, ки муҳоҷирати ин теъдод аз сокинони Тоҷикистон маҷбурист, ё ихтиёрӣ?

30 март 2013, 11:16

Аз Тоҷикистон метарсанд!

Сармоягузорӣ дар Тоҷикистон дар моҳи январи 2013 дар қиёс бо ҳамин давраи порсол ба таври қобили таваҷҷуҳе коҳиш ёфтааст. Дар моҳи январ ҳаҷми сармоягузорӣ аз ҳама манобеи молиявӣ 168,3 миллион сомониро ташкил додааст, ки 76,8 фоизи муддати мушобеҳи порсолро нишон медиҳад.

29 март 2013, 17:56

Эрон гуфт, ба бунёди нерӯгоҳи “Айнӣ” дар Зарафшон оғоз мекунад

Эрон мегӯяд, базудӣ ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Айнӣ” бар фарози рӯдхонаи Зарафшон, воқеъ дар шимоли Тоҷикистон, оғоз хоҳад кард.

29 март 2013, 15:26

Раҳмон аз қудратмандҳои Осиё барои кишварҳои ниёзманд кумак хост

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 29-уми март, зимни ҷаласаи 11-уми вазирони умури хориҷии кишварҳои иштирокдори Муколамаи ҳамкории Осиё аз қудратмандҳои минтақа даъват кард, ки кишварҳои эҳтиёҷмандро дастгирӣ кунанд.

28 март 2013, 14:55

Душанбе ва Остона барномаи ҳамкорӣ дар соли 2013-ро тасдиқ карданд

Ерлан Идрисов, вазири умури хориҷии Қазоқистон, имрӯз-28-уми март дар доираи сафари расмиаш ба Душанбе бо ҳамтои тоҷикаш Ҳамрохон Зарифӣ, барномаи ҳамкориро барои соли 2013 имзо намудаанд.

27 март 2013, 09:56

Чаро аз Роғун дигар намегӯем?

Дар як соли охир ҳарфи Роғун тақрибан аз забонҳо уфтода, танҳо бо ин ё он изҳорот дар ин замина иктифо мешавад.

26 март 2013, 09:47

Порахӯрон бояд паронда шаванд?

Сӯҳроб Шарипов вакили парлумони Тоҷикистон мегӯяд, ки агар барои мубориза бо коррупсия қонунҳо дигар нашаванд, Тоҷикистон ба як давлати бо касалии бедаво мубаддал мегардад.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!