Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 18 июн 2019, 11:45
20 март 2013, 10:43

Шабдолов: Чаро ширкатеро аз андоз озод намоем, ки кори мардумро мушкил мекунад?

Парлумони Тоҷикистон имрӯз, 20-уми март, бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни буҷа барои соли 2013 ширкати “Контгруп Тоҷикистон”-ро, ки зери тамғаи “Осиё Экспрес” фаъолият мекунад, аз пардохти 7 миллион сомонӣ озод кард.

19 март 2013, 14:27

Сафорати Эрон: Ифтитоҳи “Сангтӯда-2” ба таъхир афтод

Сафари Маҳмуд Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, ба Тоҷикистон, ки дар назар буд, зимни он нерӯгоҳи “Сангтӯда 2” пурра фаъол шавад, то моҳи апрел ба таъхир афтод.

18 март 2013, 11:07

Қатар кишвари сарватмандтарини дунё дар соли 2012 эълон шуд

Муассисаи молии байналмилалӣ Қатарро ҳамчун сарватмандтарин кишвари ҷаҳон дар соли 2012 эълон кардааст.

18 март 2013, 10:23

Сайёҳон Қирғизистонро аз Тоҷикистон беҳтар мешуморанд. Чаро?

Тоҷикистон дар радабандии рақобатпазирии соҳаи туризми Маҷмаи ҷаҳонии иқтисод(WEF), ки 140 кишварро фаро мегирад, ҷои 114- умро ба худ ихтисос додааст.

15 март 2013, 14:11

Созмони Милал ба рушди Тоҷикистон баҳои “миёна” дод

Созмони миллали муттаҳид суръати рушди Тоҷикистонро “миёна” баҳогузорӣ карда, онро баробари Қирғизистон дар зинаи 125-ум ҷой кардааст.

15 март 2013, 08:38

Вазир хост, фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо назорат шавад

Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон, аз фаъолияти бахши ҳавопаймоӣ дар кишвар интиқод намуда, аз масъулини соҳа талаб кардааст, ки ҳар чи зудтар камбудиҳоро бартараф кунанд.

14 март 2013, 10:23

Душанбе хостори воридоти бештари семент аз Покистон шуд

Шералӣ Ҷононов, сафири Тоҷикистон дар Исломобод, бо роҳбарони калонтарин корхонаҳои истеҳсолкунандагони семент дар Покистон масъалаи густариши ҳамкориро баррасӣ кардааст.

13 март 2013, 16:14

Гул Шералӣ аз чиниҳо хостааст, фаъолтар бошанд

Сармоягузорони корхонаи тиллои “Зарафшон”, ки 75 дарсади саҳмияҳош ба Чин тааллуқ дорад, ба Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон ваъда додаанд, ки то Иди Наврӯз иқтидорҳои нави истеҳсолиро ба кор медароранд.

12 март 2013, 11:32

Аз Тоҷикистон ба Русия 361 миллион $ фиристода шуд

Бонки марказии Русия мегӯяд, дар соли 2012-ум аз Тоҷикистон ба ин кишвар 361 миллион доллари амрикоӣ ворид шудааст, ки назар ба ҳаҷми маблағҳои аз Русия ба Тоҷикистон воридшуда 10 маротиба камтар аст.

11 март 2013, 09:32

Аз 305 нерӯгоҳ 103-тояш кор намекунад

Давоми ҳафт соли оянда дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 200 нерӯгоҳи хурд бунёд мегардад.

8 март 2013, 13:01

Покистон барои омӯзиши роҳи Вахон-Читрол 1 млн евро дод

Дар пасманзари канор мондани Тоҷикистон аз роҳи оҳани Чин-Эрон сафири Покистон дар Душанбе гуфт, кишвараш барои омӯзиши лоиҳаи роҳи оҳани Вахон Читрол як миллион евро ҷудо кардааст.

7 март 2013, 08:54

Узвият дар СҶТ (ВТО) фасодро аз байн намебарад

Инак, таърихи 2-юми март Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат гардид. Ба бовари коршиносон бо воридшавии Тоҷикистон ба СҶТ иддае аз мушкили иқтисодии кишвар, аз ҷумла фасод дар бахши мазкур бартараф хоҳад шуд.

6 март 2013, 10:45

Вазъи истеҳсолии Тоҷикистон Шуморо нигарон намекунад?

Нигарон мекунад. Аз сабаби он ки мо ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ё ВТО шомил шудем, бояд корхонаҳои истеҳсолии мо бо корхонаҳои хориҷӣ рақобатпазир бошанд.

5 март 2013, 09:51

Оғохон барои рушди Тоҷикистон ним миллиарди дигар медиҳад

Бунёди рушди Оғохон мегӯяд, ҳамасола ба Тоҷикистон то 100 миллион доллари амрикоиро равона карда, ният дорад, ояндаи наздик боз ним миллиард доллари дигарро барои рушди иқтисодию иҷтимоии ин кишвар сармоягузорӣ кунад.

4 март 2013, 17:32

Бохти миллионҳо дар "Аквапарк" азми Убайдуллоевро нашикастааст

Маҳмадсаид Убайдуллоев, мири шаҳри Душанбе, чанд рӯз қабл барои пешниҳоди беҳтарин лоиҳа ҷиҳати эъмори иншооти сохтмонаш нотамоми “Аквапарк” дар пойтахт озмун эълон кард. Гуфта мешуд, ин озмун аз 25 феврал оғоз гардида, натиҷаи ниҳоии он дар рӯзи 13 апрел эълон мешавад.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!