Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 20 июн 2019, 22:10
21 феврал 2014, 17:20

Сокинони Бодканд мехоҳанд, қочоқчиёни коло ба Тоҷикистонро “говсуд” кунанд

Сокинони минтақаи Бодканди Қирғизистон аз қочоқи коло ба Тоҷикистон дар ҳоли масдуд будани марз нигаронӣ карда, гуфтаанд, омода мебошанд, қочоқчиёнро “говсуд” кунанд.

19 феврал 2014, 12:09

Гузориши Мамитов ба президент дар бораи гуфтушунид бо Тоҷикистон

Тоқон Мамитов, ноиби сарвазири Қирғизистон, имрӯз, 19-уми феврал, ба раисиҷумҳурашон Алмосбек Отамбоев, дар мавриди гуфтушунидҳои марзӣ бо Тоҷикистон гузориш додааст.

13 феврал 2014, 09:27

Манъи таҷлили "Рӯзи Валентин" дар бархе аз мактабҳо

Таҷлили Рӯзи ошиқон ё “Рӯзи Валентин” дар вилояти Оши Қирғизистон барои донишомӯзони макотиби миёна мамнуъ хонда шудааст.

11 феврал 2014, 15:41

Вокуниши қирғизҳо ба "ваъда"-и Алимардонов ба ворухиён

Ваъдаи Муродалӣ Алимардонов, муовини сарвазири Тоҷикистон, ба сокинони Ворух эътирози бархе аз вакилони қирғизро ба бор овардааст.

10 феврал 2014, 18:48

Боздошти домоди раисиҷумҳури собиқ дар Маскав

Одил Тойгонбаев, домоди Аскар Акаев, раисиҷумҳури пешини Қирғизистон бо дархости ҷониби Бишкек дар шаҳри Маскав боздошт шудааст.

8 феврал 2014, 09:42

Изҳороти вакили парлумон: "Рӯзи Валентин иди Шайтон аст"

Турсунбой Боқир уулу, вакили парлумони Қирғизистон хостори манъи таҷлили Рӯзи ошиқон ё худ Рӯзи “Валентин” дар кишвараш шудааст.

7 феврал 2014, 16:10

Раззоқов гуфт, “сохтмони роҳи баҳсбарангез идома дорад”

Қирғизистон мегӯяд, сохтмони роҳи баҳсбарангези Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ, ки аз қаламрави Тоҷикистон мегузараду баҳонаи тирпарронии 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз гуфта мешавад, идома дорад.

7 феврал 2014, 11:41

“Ин... метавонад Бишкекро ба додгоҳи байналмилалӣ кашонад”

Шӯрои ҳомиёни ҳуқуқи Қирғизистон дар иртибот ба ҳаводиси ахир дар марзи ин кишвар аз Жогорку Кенеш ё парлумон хостааст, назорати бахши амниятиро таҳким бахшад.

6 феврал 2014, 09:50

Имзои 40 вакили қирғиз барои истеъфои ҳукумат

Зери вотуми нобоварӣ ба ҳукумати Қирғизистон алакай 40 намояндаи мардумии ин кишвар имзо гузоштаанд.

5 феврал 2014, 17:02

Ҳоҷӣ Мақсад аз фатвои худ дар бораи қатли ҳамҷинсгароён даст кашид

Ҳоҷӣ Мақсад Токтомушев, иҷрокунандаи вазифаи муфтии Қирғизистон даъват шудан ба қатли ҳамчинсгароён дар фатвояшро рад кард.

4 феврал 2014, 17:36

Вазъи Осиёи Марказӣ дар сӯҳбати вазири дифои Қирғизистон бо Сергей Шойгу

Таалайбек Омуралиев, вазири дифоъи Қирғистон бо даъвати ҳамтои русаш- Сергей Шойгу озими Русия шуда, ҳоло дар шаҳри Маскав қарор дорад.

4 феврал 2014, 14:27

Мулоқоти махсуси Путин бо Раҳмон ва Отамбоев дар Русия

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия барои ҳудуди 40 президент ва нахуствазирони кишварҳои ҷаҳон, ки дар маросими ифтитоҳи олимпиадаи Сочӣ иштирок мекунанд, хӯроки шомро ташкил хоҳад кард.

4 феврал 2014, 10:52

Ба таъхир афтодани нишасти Қурултой ва интихоби муфтии нав

Қурултойи мусулмонони Қирғизистон нишасти ғайринавбатии худро, ки дар он бояд муфти нави кишварашро интихоб мекард, ба таъхир андохтааст.

4 феврал 2014, 10:26

(АКСУ ВИДЕО) Аз Бодканд то Оқсой: Марзи ноустувори Қирғизистону Тоҷикистон

Бо хотири парешон ба сафари хидматии ғайримунтазира ба вилояти Бодканд, ҳаммарз бо Исфараи Тоҷикистон, баромадам.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!