Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 11 декабр 2017, 14:12
15 июл 2016, 15:48

Сафорати Тоҷикистон: Хабари задухӯрди тоҷикону узбекҳо дар Питер ҳақиқат надорад

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, хабарҳо дар мавриди задухӯрди муҳоҷирони тоҷику узбек дар Курдовои Санкт-Петербург беасос аст.

15 июл 2016, 11:46

Русия: Боздошти як муттаҳам дар қатли муҳоҷири 31-cолаи тоҷик

Ҷасади як муҳоҷири тоҷик аз ҷойи кораш -- яке аз бӯстонсароҳои деҳаи Домодедовои шаҳри Маскав пайдо шудааст.

14 июл 2016, 12:46

Маҳкумияти ронандаи норозии тоҷик, ки пулисро болои “капот” бардоштаст

Додгоҳи Санкт Петербург Амонулло Яҳёхуҷаев, шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистонро дар саркашӣ ва расондани осеби ҷисмонӣ ба маъмури пулис гунаҳкор дониста, ба 2 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кардааст.

13 июл 2016, 14:06

Каромат Шарифов: Бетарафӣ ва хомӯшии шумо мушкилиҳоро меафзояд

Ҷунбиши умумирусиягии Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон аз баргузории анҷумани навбатии худ хабар медиҳад.

9 июл 2016, 14:44

Мушкили маоши муҳоҷирон ва фоизталабии миёнаравҳо

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, як корфармои рус гуруҳи тоҷиконро кор фармуда давоми 6 моҳ ҳаққи заҳматашонро надодааст.

4 июл 2016, 10:16

Анҷоми тафтишоти марбут ба ҷасадҳои салафанпечи 5 тоҷик

Кумитаи тафтишотии вилояти Орлов аз анҷоми таҳқиқи парванда алайҳи Аҳмад Аҳмадов ва Беҳрӯз Саидов хабар дод, ки дар марги 5 шаҳрванди Тоҷикистон айбдор мешаванд.

29 июн 2016, 16:57

Худкушии Дилхуши 24-сола, муҳоҷири 4-уми тоҷик дар Питер

Дилхуш Юнусов, сокини 24-солаи ноҳияи Айнӣ, падари ду фарзанд ноҳияи Всеволжски Санкт Петербург худро ба дор овехтааст.

28 июн 2016, 15:59

Занозании гуруҳии тоҷикҳо бо доғистониҳо дар Питер (АКС)

Дар як сохтмони маҳаллаи Кудроваи назди Санкт Петербург миёни муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва зодаҳои Қафқоз занозании гуруҳӣ рух додааст, ки дар он беш аз 100 нафар иштирок доштаанд.

28 июн 2016, 08:35

Панҷ зодаи Тоҷикистон дар Тула ғарқ шудаанд

Як шаҳрванди Тоҷикистон ҳамроҳи ҳамсар ва ду фарзанду ҷиянаш дар рудхонае дар канори шаҳраки Беличевскии ноҳияи Богородитскои вилояти Тула ғарқ шудааст.

24 июн 2016, 16:23

Санҷиши ширкатҳои сохтмонӣ баъди ҳалокати муҳоҷири тоҷик дар Русия

Додситонии Санкт-Петербурги Русия алайҳи масъулини сохтумоне, ки як шаҳрванди Тоҷикистон аз он афтида, ба ҳалокат расид, парванда боз кардааст.

22 июн 2016, 11:43

Ҳабси муҳоҷири тоҷик, ки барои раҳойии маъшуқаи русаш “пора” додааст

Додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург Эмомалӣ Сатторов, шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистонро 1,5 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

21 июн 2016, 16:53

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Астрахан

Марзбонони рус як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми қасди сафар ба Душанбе бо санади тақаллубӣ боздошт кардаанд.

21 июн 2016, 11:46

Фарзанди муҳоҷир калон шуду ба ҷустуҷӯи падар рафт

Як ҷавони тоҷик барои пайдо кардани падари 44-солааш, ки 14 сол қабл ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафт, кӯмак мехоҳад.

17 июн 2016, 14:27

Дуздии “BMW”-и 2,5 миллионии ҷавони тоҷик дар Маскав

Шаҳрванди 29 солаи Тоҷикистон ба мақомоти пулиси Маскав муроҷиат карда, арз доштааст, ки ду харидори эҳтимолӣ мошини “BMW”-и ӯро дуздидаанд.

16 июн 2016, 14:35

Интиқоли ҷасади муҳоҷири сарозершуда аз ошёнаи 8 ба Тоҷикистон

Шахсияти шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Русия аз ошёнаи 8-и як бинои навсохт ба замин афтида, ба ҳалокат расид, маълум шудааст.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!