Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 19 ноябр 2017, 19:00
22 июл 2011, 07:42

Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи боз як корхона ширкат намуд

Дар шаҳри Турсунзода корхонаи «Сомон-Тӯрон-инвест» расман ба фаъолият оғоз намуд.

22 июл 2011, 07:04

Сафорати Тоҷикистон қазияи қатли шаҳрванди кишварашро таҳти назорат дорад

Қазияи қатли Дамир Шомамадов, як ҳамватани мо дар Русия таҳти назорати сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва Хадамоти муҳоҷират қарор гирифт.

22 июл 2011, 06:41

Муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ ноком гаштанд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи бокс дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти «Ҷоми губернатори шаҳри Санкт – Петербург» ба комёбӣ ноил нагардид.

22 июл 2011, 05:42

2 килову 822 грамм маводи мухаддир мусодира гардид

Зимни як амалиёти кормандони милиса қочоқчии нашъа боздошт шуд.

22 июл 2011, 05:33

Лейи хитойӣ дар Душанбе мавриди латукӯб қарор гирифт

Шаҳрванди Хитой, ки дар Душанбе дар корхонаи роҳсозии чинӣ фаъолият мекард, мавриди латукӯб қарор гирифт.

22 июл 2011, 05:14

Президент: Галаботур ба Истиқлол иваз шавад

Райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз ба ноҳияҳои Турсунзода ва Шаҳринав сафари корӣ оғоз кард.

22 июл 2011, 04:38

Тоҷикистониён дар фурудгоҳҳои амрикоӣ мавриди тафтиши ҷиддӣ қарор мегиранд

Ахиран, мақомоти амниятии ИМА Тоҷикистонро вориди феҳрасте кардаанд, ки шаҳрвандонаш дар фурудгоҳҳо бодиққат тафтиш шаванд.

22 июл 2011, 04:09

Тағйирот ба қонун «Дар бораи гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва раҳпаймоиҳои осоишта»

Зимни баррасии қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон» дар палатаи болоии парлумони Тоҷикистон  аз ҷумла зикр гардид, ки мақсади асосии пешниҳод ва қабули қонуни мазкур аз такмили қо­нун­­гузории ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекси ҷиноятӣ ба қонун  «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта», аз ҷумла таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд иборат мебошад.

22 июл 2011, 03:46

Ҳусейн Алиев иҷрокунандаи вазифаи райиси ноҳияи Тоҷикобод таъин шуд

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо судури як фармон Алиев Ҳусейн Хоҷамировичро иҷрокунандаи вазифаи райиси ноҳияи Тоҷикобод таъин кард.

22 июл 2011, 03:26

Афзойиши мизони ҷиноят дар шимоли Тоҷикистон

Дар тӯли шаш моҳи соли равон дар қаламрави вилояти Суғд 2929 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.

21 июл 2011, 13:17

Суғд: Боздошти 21 узви ҲИӮ ва 7 аъзои «Ҳизб-ут-таҳрир»

21-нафар аз пайравони Ҳаракати исломии Ӯзбакистон дар қаламрави вилояти Суғд боздошт карда шудаанд.

21 июл 2011, 12:56

JICA дар вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамойиш баргузор кард

«Идоракунии захираҳои инсонӣ, банақшагирӣ ва идораи тиҷорат».

21 июл 2011, 12:49

Се фирории дигар дар Данғара боздошт шуданд?

Тибқи иттилои расида, дар рустои Гули зиндони ҷамоати Оқсуи ноҳияи Данғара се тан аз гурезагони зиндони кумитаи амният, ки ҳанӯз соли гузашта фирор карда буданд, ошкор карда шудаанд.

21 июл 2011, 11:13

Арзи миллии корношоям ба 230,4 миллион сомонӣ баробар аст

Тайи шаш моҳи соли равон ба муомилот 418,9 миллион сомонӣ бароварда шуда, 230,4 миллион сомонӣ пулҳои қоғазии корношоям ва фарсуда аз муомилот бозпас гирифта шуданд.

21 июл 2011, 11:01

41 ҳазору 244 ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, аммо теъдоди бекоршавии он номаълум

Идораҳои нотариалии давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ 243 810 амалиёти нотариалиро ба расмият дароварданд, ки аз ин ба буҷаи давлатӣ 15 062.315 сомонӣ боҷи давлатӣ ворид гардид.

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!