Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 16 декабр 2017, 00:31
11 май 2011, 06:01

Халъи силоҳ дар ҷануби Тоҷикистон идома дорад

Кормандони шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Муъминобод аз аввали соли 2011-ум то имрӯз, аз сокинони ноҳия ба миқдори 8-адад силоҳ, аз ҷумла 1-автомати Калашников, 7-адад милтиқи ҷангии тамғаи ТОЗ-8,  5-тирдон ва беш аз 1000-дона тири автомат мусодир кардаанд.

11 май 2011, 05:50

Фоҷеа дар пайи як садамаи нақлиётӣ

Сарнишини автомошинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» суръати воситаи нақлиётро баланд намуда аз ӯҳдаи идораи он набаромадааст.

11 май 2011, 05:43

Собиқадорони ҷангу меҳнат истироҳат мекунанд

Осоишгоҳи «Харангон»-и ноҳияи Варзоб барои собиқадорони ҷангу меҳнат ифтитоҳ шуд .

11 май 2011, 05:23

Кӯлоб дар интизории варзишгарони ҷавон

Гӯштингирони навъи юнонӣ-римии синнашон 14-16 сола дар шаҳри Кӯлоб ҷамъ меоянд.

11 май 2011, 05:13

Қурби асъори миллӣ устувор аст?

Бонки Миллии Тоҷикистон қарореро ба тасвиб расонидааст, ки дар бозори арз қурби асъори миллиро нигоҳ хоҳад дошт.

11 май 2011, 04:51

Волидайн ба ҷои фарзандон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд

Прокуратураи ноҳияи Қубодиён Маърифат Маматоваро барои барқасдона монеъ шудан ба таҳсили фарзанди 12-солааш дар мактаби ҳамагонӣ муттаҳам шумурда, мегӯяд, вай моддаи 41-уми Конститутсияи Тоҷикистонро, ки таълими умумии асосиро ҳатмӣ медонад, поймол кардааст.

10 май 2011, 14:06

Боз як сокини пойтахт бо афюн ба даст афтод

Як сокини пойтахт бо маводи нашъадор боздошт гардид. Дар ин бора аз ВКД ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд.

10 май 2011, 13:29

Вилояти Суғд ҳамоно пешсаф аст

Тибқи иттилои вазорати кишоварзӣ аз оғози мавсими кишти пахта то имрӯз дар майдони 202 ҳазору 820 гектар  пунба корида шудааст, ки 97 дарсади нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

10 май 2011, 12:28

Ҷустуҷӯи 1300 соҳибкори инфиродӣ идома дорад

Зимни таҳлилҳои Кумитаи андози Тоҷикистон  маълум гашт, ки  дар ҷумҳурӣ  1300  нафар шахсони воқеӣ ҳастанд, ки фаъолияти худро ба сифати соҳибкори инфиродӣ  тариқи патент амалкунанда ба қайд гирифтанд.

10 май 2011, 12:08

Сафир дар маркази ноҳияи Тавилдара ниҳол шинонд

Ахиран сафири фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон Тревор Мур рӯзи аз ноҳияи Тавилдара дидан кард.

10 май 2011, 11:48

Аҳмадинажод президенти Тоҷикистонро ба Теҳрон даъват мекунад

Махмуд Ахмадинажод, раиси ҷумхурии исломии Эрон аз   президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват кардааст, ки дар ҳамоиши чаҳонии мубориза бо терроризм , ки  дар Техрон баргузор хоҳад шуд, ширкат варзад.

10 май 2011, 11:11

Боздошти як тан аз пайравони «Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон»

Мансур Собитов, як сокини 32 солаи шаҳри Исфара, ки корманди корхонаи «Кимиёсервис» маҳсуб мешуд, барои ташкили иттиҳоди ҷиноӣ  мавриди боздошт қарор гирифт.

10 май 2011, 09:06

Пас аз чанд соат тақдири хабарнигори «Имрӯз-News» маълум мешавад

Қарор аст, пас аз чанд лаҳза дар суди ноҳияи Синои пойтахт баррасии парвандаи марбут ба хабарнигори рӯзномаи «Имрӯз-News» хотима ёбад.

10 май 2011, 07:08

«Симурғи пурфайз» аз Кумитаи андоз пинҳон шуда натавонист

Кумитаи андоз дурустии нишонӣ ва суроғаи ҷойгиршавии  ширкату муассисаҳоро тафтиш мекунад.

10 май 2011, 06:47

Абдуҷаббор Раҳмонов: Афзоиши номиналии хароҷоти соҳаи маориф дар ҳаҷми 27 маротиба

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа мулоқоти вазири маорифи Тоҷикистон бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрав сурат пазируфт.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!