Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 30 март 2017, 12:48
15 июн 2016, 15:14

Кӯмаки коллексионери рус барои ҷарроҳии навраси тоҷик (АКС)

Юлия Вербитская, коллексионери рус барои ҷарроҳии чашми Муҳаммад Ҷӯраев, навраси 12 - солаи тоҷик 50 ҳазор рубл кӯмак кардааст.

3 июн 2016, 16:00

Даргузашти Мастура ва кӯмакхоҳии модараш: Қарзи доруҳоро диҳем...(ВИДЕО)

Мастура Ахмедова, як сокини 26-солаи ноҳияи Шаҳринав, ки бо гуфтаи наздиконаш моҳи март аз ҷониби хоҳаршӯяш сӯзонда шуда буд, баъди 55 рӯзи табобат даргузашт.

3 июн 2016, 15:06

Падари Авзалшоҳ: Барои табобати писарам ёрӣ диҳед

Авзалшоҳ Умаров, сокини 22-солаи пойтахт барои табобати маризии гурдаҳояш аз кулли ҳамватанони саховатманд ва хайрхоҳ кумак мехоҳад.

30 май 2016, 16:55

Ба Шаҳром ёрӣ диҳед, то дубора ба по бархезад (АКСУ ВИДЕО)

Шаҳром Насриддинов, як сокини 17-солаи ноҳияи Ёвон барои табобати маризиаш ба ёрии афроди саховатпеша ниёз дорад.

19 май 2016, 15:59

Даъвати ҳомиёни ҳуқуқ барои ёрӣ ба тоҷики аз ғуломӣ раҳошуда

Ҳомиёни ҳуқуқи башари шаҳри Мурманск барои ба Тоҷикистон фиристодани Аҳмад Маҳмадов, як муҳоҷири тоҷик, ки ахиран аз ғуломӣ раҳо ёфт, кумак мехоҳанд.

18 апрел 2016, 11:00

Иззат Амон сарпарастии модари танҳомонда бо 5 кӯдакро ба уҳда гирифт

Дилбар Гургова, як сокини 36 - солаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ҳамсари Амрулло Нуров, муттаҳам дар узвият ба гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим мегӯяд, барои фиристодани фарзандонаш ба мактаб шароит надорад ва мақомот барои ин ӯро ҷарима карданиянд.

10 март 2016, 11:14

Фариза: Барои табобати модарам кумак расонед

“Азизон, бародарон, хоҳарон ба хотири модарони азизи худ, ба хотири бебаҳотарин ва ноёбтарин гавҳари фарзанд, муъҷизаи ҳаёти инсон, МОДАР дасти саховат сӯйи ман дароз кунед, то модарамро ба по хезонам, ҷисми хаставу афгорашро аз дарди ҷонкоҳ наҷот бидиҳам”. Ин муроҷиати Фариза Сангинова, як сокини ноҳияи Ёвон аст, ки барои муолиҷаи модараш -- Гулчеҳра Саидраҳматова кумак мехоҳад.

5 март 2016, 09:58

(АКСУ ВИДЕО) Кумакхоҳии як ҷуфти маъюб аз Президент: Мо дар кӯча мемонем!

Як ҷуфти ҷавони маълул, аз раисиҷумҳури Тоҷикистон хоҳиш дорад, ба додашон бирасад, то онҳоро аз хобгоҳ пеш накунанд.

4 феврал 2016, 08:23

АКСУ ВИДЕО: Хонаводаи Қурбоналии 17-сола ёрӣ мехоҳад

Раҷабалӣ Саидов, ки писари 17-солааш ҳанӯз аз замони зода шуданаш маълул аст, аз мардуми хайрхоҳ кумак мехоҳад.

30 январ 2016, 11:35

Духтарчае, ки афтид, ёрӣ мехоҳад, то боз ба по хезад (АКС)

Шаҳло Сафоева, як сокини ноҳияи Ёвон, барои табобати тифли сесолааш Бибисумая, ки аз осеби мағзи сар (гидросифалия ва мененгитсифалия) ранҷ мебарад, аз тамоми сокинони кишвар, ашхоси тавонманд ва ташкилотҳои хайриявӣ кӯмак мехоҳад.

1 декабр 2015, 08:21

(ВИДЕО) Кумаки ҷамъияти тоҷикони ИМА ба ду бемор, ки аз мардум мадад хоста буданд

Ҷамъияти тоҷикони Амрико ба Эмомиддин Холов, сокини 21-солаи ноҳияи Рашт, ки ду гурдааш корношоям шудаанду тавассути диалез зиндагӣ дорад, 1000 доллар кумак кард.

20 ноябр 2015, 16:58

АКСУ ВИДЕО: Кӯмакхоҳии ҷавони 21-солаи тоҷик, ки гурдаҳояш аз кор мондаанд

Эмомиддин Холов, сокини 21-солаи ноҳияи Рашт, ки ду гурдааш корношоям шудаанду тариқи диалез зиндагӣ дорад, аз сокинони Тоҷикистон барои табобаташ кӯмак мехоҳад.

12 ноябр 2015, 17:57

Даъвати Садриддини Наҷмиддин барои наҷоти Алиҷон, чемпиони 7-сола (ВИДЕО)

Саидмурод Маҳкамов, як сокини шаҳри Душанбе барои табобати писари ҳафтсолааш, ки аз бемории саратон ранҷ мебарад, аз мардуми тавонманду сахӣ ва ташкилотҳои хайриявӣ кӯмак мехоҳад.

28 сентябр 2015, 09:39

Дасти хайр: Барои боз шудани панҷаҳои Шаҳнозахон кумак расонед (АКС)

Башорат Бобоева, як сокини шаҳри Хуҷанд барои муолиҷаи наберааш, ки аз дарди “Обиласори модарзодӣ” ва “Гепатит С” ранҷ мебарад, барои кумакхоҳӣ ба Душанбе омадааст.

28 август 2015, 12:15

(ВИДЕО) Аз талбандагӣ то кумакхоҳии Қутбинисо барои табобати додари 48-солааш

Қутбинисо Неъматова, як сокини шаҳри Истаравшан барои муолиҷаи додараш – Эгами 48-сола, ки бори дуюм гурдаашро иваз кардааст, аз мардуми кишвар кумак мехоҳад.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!