Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 23 феврал 2018, 15:43
19 март 2015, 09:27

Абдуқодир Рустам: “...истифодаи “шоҳмот” аслан ҷоиз нест”

Ҳоло, бо он ки “шоҳмот” вожаи зебо ва гӯшнавоз ҳам ҳаст, гумон мекунам, мо бояд ба хотири риояти ягонагии забонамон ва пайванд, - аз сӯйе бо гузаштагонамон ва аз сӯйи дигар бо ҳамзабононамон дар Афғонистону Эрон беҳтар аст, дубора “шатранҷ”-и фаромӯшшударо ба доираи истеъмол ворид кунем.

19 феврал 2015, 12:23

“Корхонаи пахта” гуфтан кофист, то “корхонаи пахтатозакунӣ”

Дар навиштори имрӯзии мо афзудаҳои нозарур, ки бидуни онҳо низ маънои калима ва ҷумла равшан аст, ҷое камтар ва ҷое бештар ба назар мерасанд.

8 январ 2015, 08:53

Кадоме дуруст: ҳамоса, ҳаммоса ё хамоса?

Масъала ин аст, ки дар навишти ин калима аксаран ба иштибоҳ роҳ дода мешавад ва ба сурати ғалати “хамоса” ё “ҳаммоса” навишта мешавад.

23 октябр 2014, 09:11

Ду маънои “ғараз”: “Ғаразҳо тира дорад дӯстиро” ва “Ғараз аз тӯшбера гӯшт хӯрдан аст”

Асли маънои калимаи “ғараз” дар забони арабӣ манфӣ нест ва аз он маъноҳои мақсуд, хоста, ҳадаф (ба маънои нишонаи тир ҳам) фаҳмида мешавад. Аммо дар забони форсӣ тоҷикӣ ба ҷуз маънои одӣ ва аввалии он маънои манфӣ низ бар он бор шуда, хостаи бад ва нораво низ аз он фаҳм мешавад.

16 сентябр 2014, 16:00

Рустами Ваҳҳоб: "Боварӣ доштан" ғалат аст

Калимаи “бовар” сирф тоҷикӣ буда, таърихан аз ду ҷузъ “бо” ва “овар” (дорои овар) иборат аст ва бо “имон”-и арабӣ ва “вера”-и русӣ, ки зоҳиран бо “бовар” аз як решаанд, ҳаммаъно мебошад.

9 июн 2014, 15:32

Эшон - саййидзода, ишон - онҳо?

Беҳтар ҳамон аст, ки чунон ки маъмул шудааст, шакли «эшон»-ро ба маънои исми хос (Эшон) ва унвони насабӣ (саййид) ва шакли «ишонро» ба унвони замири шахси сеюми ҷамъ ва танҳои муҳтарам ба кор бибарем.

30 май 2014, 09:44

Салими Аюбзод: “Сел намехезад, балки меояд ё мезанад”

Сел намехезад, балки меояд ё мезанад. Мардум мегӯянд “сел зад”, “сел омад”, “сел шуст”, “сел бурд”, “сел овард”, аммо касе “сел хест” намегӯяд.

28 май 2014, 12:05

Тарофа, таруфа, тариф ё таърифа?

“Таърифа” арабист ва изофа бар он ки асли “тариф”-у “тарофа” аст, бо вожаҳои барои ҳар тоҷик фаҳмои “таъриф”, “муъарафӣ”, “маърифат”, “ориф” ҳамреша аст ва бояст дубора ҷойгузини “тарофа”, ки чун тарошаи уфтода аз бом аст, бишавад.

27 май 2014, 14:11

Рустами Ваҳҳоб: "Бурдборӣ" бигӯем, ё "комёбӣ"?

Албатта, барои касе орзуи сабру бурдборӣ кардан бад нест (агарчи онро бештар дар мусибат мегӯянд). Аммо равшан аст, ки дар ин хитоб манзури гӯянда на сабр, балки муваффақият ва комёбист.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!